83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак:  

Ҳашарҳои дастаҷамъона ва шанбегиҳо бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар  шаҳри Норак ҳар ҳафта доир гардида, аҳли кормандони ташкилоту муассисаҳо дар якҷоягӣ саҳми арзандаи хешро дар тозаю озода намудани муҳити табиат, ободӣ ва гулгушукуфоии шаҳри Норак  мегузоранд.

Бо ин мақсад, субҳи 25-уми апрели соли 2024 кормандони САҲШ-и шаҳри Норак бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани назди биноҳои корхонаву муассисаҳо Аксияи ҳизбии " ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" баргузор намуданд. Кормандон, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Норак  дар шанбегии мазкур бехҳои дарахтони сояафканро нарм намуда,  гулҳои ороиширо шинониданд.

Дар аксияи мазкур кормандон фаъолона ширкат варзида, зиёда аз 250 адад гулҳои мавсимӣ ва дарахтони сояафкан шинонида шуд, ки ба ҳусни бино ва маркази шаҳр зебогии хосса мебахшанд.