83138 2-40-07

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ОБОДКОРӢ МАРОМИ МОСТ" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “РӮДАКӢ 2”-И ШАҲРИ НОРАК.

Норак:  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рӯдаки 2”  тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, аз ҷониби кормандони ташкилоти мазкур барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи муассисаи томактабӣ  Аксияи ҳизбии " ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор " яъне тоза намудани гирду атроф ва дохили ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рӯдакӣ 2”  баргузор гардид.

Кормандони ташкилоти  мазкур дар ҳамбастагӣ бо ҷонибдорони ҳизб бо меҳнати софдилона гулҳову дарахтони ташкилотро нарм карда, гирду атрофи муассисаро ободу зебо гардониданд.

 Ин иқдом аз ҷониби ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.