83138 2-40-07

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ТАРБИЯТГАР"

Норак: Ҳисобот  

Санаи 26 апрели соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизби "Тарбиятгар" маҷлиси ҳисоботӣ баргузор карда шуд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии " Тарбиятгар " Яқубова Ниссо ҳусни оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлисро иборат аз ду масъала муайян намуданд.

Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Тарбиятгар" Яқубова Ниссо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда" дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Номбурда қайд намуд, ки дар доираи гузаронидани чорабиниҳои ҳизбӣ роҳандозии тарғибу ташвиқи ҳадафу нақшаҳои оинномавию барномавии ҳизб, муарррифии шоистаи дастовардҳои он дар замони истиқлолият саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тарбиятгар” назарасаст.

 Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис қайд намуд, ки Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 "Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" ба роҳбарӣ гирифта шуда, то моҳи декабри соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии "Тарбиятгар" низ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии ҲХДТ чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор карда шавад.

Дар маҷлиси мазкур дигар масъалаҳои рӯзнома низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.