83138 2-40-07

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ДУХТАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Норак:  

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 15-уми  апрели соли 2024 дар МТМУ-и №3 шаҳри Норак бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Зуҳурова Дилбар, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанова Наргис, муовинони директори муассиса Абдуллозода Анора ва Бобоназарова Дилбар  бо духтарони синфҳои 8-9-10-11 вохӯрӣ  гузаронида шуд.

Дар вохӯри раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан оид ба  масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, одобу маърифати ҷавондухтарон, муносибат ва рафтору гуфтори онҳо, фаъолноки дар дарсҳои мактабӣ, ҷалби пурра ба таҳсил, риоя намудани талаботҳои дохилимуассисавӣ, омӯхтан ва аз худнамудани касбу ҳунар, инчунин тақлид накардан ба фарҳанги бегона (аз бар накардани либосҳои аз фарҳанги тоҷик бегона) доир ба масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили никоҳи хешутаборӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, омода намудани ҷавонондухтарон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва одобу рафтори ҷавондухтарон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ бахусус дар бораи пешгирии насли наврас аз худкушӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, риояи сару либоси мактабӣ  истодагарӣ намуданд.

Ҳамзамон дар бораи  масъалаҳои пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон, тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардиданд.

Дар мулоқот   вобаста ба масъалаҳои зикргардида бо духтарон андешаронӣ намуда, иштирокдоронро водор намуданд, ки баъди хатми мактаби миёна аввал хонда соҳиби маълумоти оливу соҳибкасб шуда, баъдан ба ҳаёти мустақилона қадам монанд. Ичунин онҳоро барои риояи намудани талаботи қонунҳои амалкунанда онҳоро дар ин самт раҳнамоӣ намуданд.

Боиси қайд аст, ки мулоқотҳо тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  роҳандозӣ гардида, пайваста атрофи мавзӯъҳои ташаккули худшиносии миллӣ ва мафкураи солимӣ ҷавонон дар мактаби давлатсозии Пешвои миллат, роҳҳо ва воситаҳои пешгирӣ аз ифротгароии динӣ дар ҷомеа ва паёмадҳои манфии сиёсисозии дин ва хатарҳои он барои ҷомеаи имрӯза андешаронӣ карда мешавад.