83138 2-40-07

ВОХӮРИҲО МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 10-11 МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ОИД БА ИНТИХОБИ КАСБ ВА ҲУНАРОМӮЗӢ

Норак:  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак санаи 15-уми апрели соли 2024 дар МТМУ – и №3 миёни хонандагони синфҳои 10-11 вохӯрӣ бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур ва котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Зуҳурова Дилбар вохӯрӣ  доир гардид.

Хайруллозода Баҳодур мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар бораи тарбияи насли наврас, таҳкиму тақвият бахшидан ба раванди таълиму тарбия, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, бархӯрд ва омӯзиши тамаддунҳову фарҳангҳо, яъне дар замоне, ки мо умр ба сар мебарем, фарқ кардани иттилооти созанда аз сӯзанда, ҷудо намудани асл аз ғараз ва нек аз бад барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус, ҷавонон хело мушкил шудааст. Таҳлили воқеаву ҳодисаҳои ҷаҳони муосир, муноқишаҳои мусаллаҳонаи бисёр давлатҳо нишон медиҳанд, ки қувваҳои ғаразноки сиёсӣ, аз он ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, метавонанд дар ҳар соату дақиқа фазои орому осудаи дилхоҳ кишвару минтақаро халалдор намоянд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо умуман ҳар як ҷавонони имрӯзаро шарт ва зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар талоши ватанхоҳона дошта бошанд, худшиносу худогоҳ ва ҳамқадами замони муосир бошанд.

Зуҳурова Дилбар котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак оид ба доир ба иҷроиши талабот ва рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ки таъмини иҷроиши он яке аз масъалаҳои мубрами рӯз дар самти тарбияи наврасон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва рушду тафаккури миллии онҳо ба ҳисоб меравад, ибрози андеша намуд.

Инчунин, оид ба оид ба масъалаҳои интихоби касб, истифодаи дурусти телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд.