ТАРБИЯИ ФАРЗАНД – ВАЗИФАИ МАСЪУЛИЯТБОР

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси  муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиё санаи 9 март баргузор гардид, имрӯз дар саҳни Литсейи давлатии №2-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиёни”-и шаҳри Левакант вохӯрии гурӯҳи корӣ, бо падару модарон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва дигар аъзоён-ҷонибдорони ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бо падару модарон масъулин дар мавзӯъҳои “Таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ”, “Дар тафаккури мардум тарбия намудани фаҳмиши дурусти сиёсӣ”, “Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо” ва ин чунин риояи ҳатмиии Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суҳбат намуданд.