ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲИ ОИДИ РИОЯИ МАДАНИЯТИ ШАҲРНИШИНИРО

Левакант:  

Тибқи нақш масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷояги бо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони кӯчаҳои шаҳр оиди тозаву озода намудани гирду атрофҳои манзилҳои истиқоматӣ риояи маданияти шаҳрдорӣ ва пешгирии пушидани сари либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, риояи Қануни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” байни занону ҷавондухтарон ба роҳ монданд.

Масъулин дар назди сокинон оиди савияи дониш, тартибу интизом ва риояи пӯшидани сару либоси фарзандон суханронӣ намуда, ҳозиринро даъват бар он намуданд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон диққати махсус дода, аз ҷинояту ҷинояткорӣ, худкӯшию худсӯзӣ, таълимотҳои ғайрирасии динӣ ва дигар омилҳои номатлуби ҷомеа фарзандонро пешгирӣ намоянд.