МАДАНИЯТИ ШАҲРНИШИНИРО РИЯ БОЯД НАМУД

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Тибқи нақша масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷояги бо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони кӯчаҳои Н.Хусрав-42, 45 ва 47 оиди тозаву озода намудани гирду атрофҳои манзилҳои истиқоматӣ, рангу бори дарахтон, шинонидани гулу гулбуттаҳо, овезон накардани либосҳо аз айвонҳои манзилҳои истиқоматӣ,риояи маданияти шаҳрдорӣ ва пешгирии пушидани сари либоси ба фарҳанги миллии мо бегона байни занону ҷавондухтарон ба роҳ монданд.

Масъулин дар назди сокинон оиди савияи дониш, тартибу интизом ва риояи пӯшидани сару либоси фарзандон суханронӣ намуда, ҳозиринро даъват бар он намуданд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон диққати махсус дода, аз ҷинояту ҷинояткорӣ, худкӯшию худсӯзӣ, таълимотҳои ғайрирасии динӣ ва дигар омилҳои номатлуби ҷомеа фарзандонро пешгирӣ намоянд.