МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ВНМО”

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Дар асоси талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии “ВНМО”-и шаҳри Левакант бо иштироки Акрамшоева-мутахассиси шуъбаи ташкили кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант маҷлиси ҳисоботии семоҳаи якуми соли 2024 дар ташкилоти ибтидоӣ, доир гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ семоҳа масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

-Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳи якуми соли 2024

-Ба роҳбари гирифтани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант;

Оид ба масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолият шунида шуд. Қайд гардид, ки саҳми аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии “ВНМО” дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ - назаррас аст ва дар оянда роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кӯшиш менамояд, ки корҳоро дар сами ободкорӣ густариш диҳад.

Масъалаи дигари маҷлис низ барраси карда шуд.

Дар фарҷоми маҷлис Акрамшоева Гулшан-мутахассиси шуъбаи ташкили кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳим ибрози назар намуда, аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки дар ҷомеа намунаи ибрат буда, дар сафи пеши корҳои ободониву бунёдкорӣ қарор дошта бошанд.