МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ “ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ КУМИТА ДАР СОЛИ 2024”

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Имрӯз санаи 29-апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора бо иштироки раиси  шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ узви раёсат, роҳбарону  мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, намояндагон ва дигар шахсони масъул, Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми Кумита дар соли 2024, баргузор гардид. Ҷаласаи ҳисоботӣ аз рӯйи масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

1. Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда;

2.Ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид  ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

3.Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб;

4. Масъалаҳои ҷроӣ;

Вобаста ба масъалаи якум Раиси Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар се моҳи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант фаъолияти семоҳаи якуми соли 2024-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, дар пешравию корҳои созандагӣ, тарғибу таблиғи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар анҷом Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ баромад карда, фаъолияти раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакантро дар давраи ҳисоботӣ назаррас арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин қайд намуданд, ки минбаъд, низ фаъолиятро хуб ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо вакилони шаҳрӣ ва фаъолони шаҳр бар зидди гурӯҳҳои экстремистию ифротӣ вокунишҳои саривақтӣ нишон дода, манфиатҳои давлату миллатро дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ иникос намоянд.

Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардидаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.