ДАРСИ ЁРИИ МЕТОДӢ БО ОМӮЗГОРОН ЗЕРИ УНВОНИ "БИЁ ҲАМРОҲ БИХОНЕМ"

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ яке аз омилҳои муҳими такмили ихтисоси омӯзгорон ба шумор меравад. Иттиҳодияи методӣ зерсохтори хадамоти методии муассисаҳои таълимӣ буда, гузарондани корҳои таълимӣ, беруназсинфӣ, тарбиявӣ-озмоиширо аз рӯйи як ё якчанд фанни таълимӣ таъмин мекунад.

Мақсади асосии гузаронидани дарсҳои ёрии методӣ бо омӯзгорон ин пешниҳоди дарсҳои намунавӣ ва ба ин васила расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорон дар татбиқи стандартҳои нави фаннии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошад. Бо вуҷуди таҳияи нақшаи муфассали дарсҳо Вазорати маориф ва илм фаъолияти омӯзгоронро маҳдуд намекунад, балки имконияти бештарро ба омӯзгорон барои баланд бардоштани сифати таълим фароҳам меорад.

Бо ин мақсад бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант, дарси ёрии методӣ зери унвони "биё ҳамроҳ бихонем" гузаронида шуд.