«ТАНИ СОЛИМ-РӮҲИ СОЛИМ»

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Новобаста ба давру замон, шароити таърихӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, варзиш яке аз шуғлҳои асосии одамон ба шумор мерафт ва доимо такмил ва рушд меёфт, зеро «Тани солим-рӯҳи солим» гуфтаанд.  Футбол - низ яке аз бозиҳои варзишие ба ҳисоб меравад, ки ҳамаи қобилиятҳои ҳаракаткунандагиро инкишоф дода, чунин нишонаҳои хислат чун чолокӣ, чобукӣ, истодагарӣ, бурдборӣ ва қавииродагиро тарбия менамояд. Майдончаҳои варзиши, ки ҳадафи асосӣ аз бунёдашон ҷалби шумораи бештари кӯдакону наврасон ба бозии футбол мебошад, имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант, ҷиҳати қабудизоркунии майдончаҳои мазкур ҷораҳои зарури андешида шуда истодааст.