ДИДАН НАМУДАН АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИ БОЗ ҲАМ ИДОМА ДОРАД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъули  Кумитаи   иҷроияи  ҲХДТ  дар  шаҳри

Левакант бо мақсади доир намудани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ дар деҳаҳои шаҳр бо усули «хона ба хона» гардиш  доир намуда истодаанд.

Зимни суҳбат бо аҳолӣ масъулин иброз доштанд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ сокинон бояд ба парвариши сабзавот ва дигар навъҳои меваҷот машғул бошад ва  ҳар ваҷаб заминҳои ҳосилхези наздиҳавлигиро самаранок истифода намоянд.

Инчунин, намояндагони ҳизбӣ ҳангоми гардиш маълум карданд, ки сокинон дар заминҳои наздиҳавлигӣ ба парвариши сабзавоти аълосифат, аз қабили; картошка, помидор, бодиринг, райҳон, карам, шалғам, боимҷон ва дигар навъҳои полезӣ шуғл дошта, дар таъмини бозори ноҳия саҳми назаррас доранд.