ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Левакант:  

Бо мақсади идома бахшидани иҷрои дастуру супориш-

ҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ дар самти пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, аз байн бурдани бегонапарастӣ, ҷалби ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ", ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат зимни вохурӣ бо фаъолони ва намояндагони ходимони дини кишвар маншаъ мегирад, имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бо иштироки намояндагони ҳизбии ноҳия бо усули "Хона ба хона” баргузор гардида истодааст.

Аз он ҷумла, имрӯз  бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант дар деҳаи Боҳтуробод-1, корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо сокинони баргузор гардида, ба ҳар як оила дастуру супоришҳои Пешвои миллат расонида шуд.