ХОИНОН БА ҶАЗОИ АЪМАОЛИ ХУД ХОҲАНД РАСИД!

Левакант: Вокуниш  

ВОКУНИШ: Имрӯзҳо мо  тариқи шабакаҳои интернетӣ мушоҳида менамоем, ки хоинони миллат мехоҳанд, ки сулҳу ваҳдати Тоҷикистони азизро, ки бо заҳматҳои шабнарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии халқи шарифи кишвар ба даст омадааст халалдор созанд. Онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Хиёнати онҳо ҳадду канор надорад. Онхо тайёранд, ки Ватан ва миллати  худро барои  манфиати шахсиашон фурушанд. Макр ва хиёнат варақаи даъвати онҳост. Аммо халк ин хоинонро фаромуш намекунад. Онҳо барои ҷиноятҳои худ ҷазо хоҳанд гирифт. Хоинони миллат набояд худро беҷазо ҳис кунанд. Рӯзи ҳисобашон фаро мерасад ва хиёнати худро ба баҳои баландтарин хоҳанд дод. Мардум метавонад хатогиҳоро бахшад, вале ҳеҷ гоҳ хиёнаткоронро нахоҳанд бахшид. Қайд кардан ба маврид аст, ки  Ватан ин калимаи муқаддас буда, на ба ҳар кас ватандори муяссар мегардад. Мо хушбахтарин шахсиятҳое мебошем, ки дар Точикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милл- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон  зери осмони софи беғубор кор ва зиндаги дорем. Точикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократи, ҳуқуқбунёд, дуняви ва ягона ба ҳисоб рафта, зиёда аз 190 давлати чаҳон онро ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломати доранд.

Имрӯз мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми  миллати хеш донем ва аз неъмати  бузурги Ватану ватандорӣ  ифтихор  намоем. Ба пеш, барои адолату номуси миллат!

Ятимов Амирхон – аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ”-и шаҳри Левакант.