ЧАРО ВАРЗИШ ВА ФАЪОЛИЯТИ ҶИСМОНӢ БАРОИ КӮДАКОН ИН ҚАДАР МУҲИМ АСТ?

Левакант: Андеша  

 Варзиш дар рушди кӯдакон нақши муҳим дорад. Иштирок дар машғулиятҳои варзишӣ на танҳо ба инкишофи ҷисмонӣ ёрӣ мерасонад, балки вазъияти равонииии онҳоро беҳтар мекунад. Фаъолияти варзишӣ ба кӯдакон масъулият, интизомнокӣ, худидоракунӣ меомӯзад ва онҳоро ба роҳи дуруст мегузорад. Онҳо дар як даста кор карданро меомӯзанд, малакаҳои иҷтимоӣ ва қабули қарорҳоро инкишоф медиҳанд. Гузашта аз ин, бозиҳои варзиши ба кӯдакон кӯмак мекунанд, ки вақтро идора карда, ҳадафҳо гузошта, ба онҳо ноил шаванд. Умуман, варзиш дар ташаккули шахсияти солим ва дар оянда муваффақ ва хушбахт шудани кӯдакон нақши муҳим дорад. Набудани машқҳои ҷисмони бошад боиси таҷовузи бештар мегардад, ба рушди ҷисмонӣ ва равонӣ таъсири манфӣ мерасонад, ба омӯзиши иҷтимоӣ монеъ мешавад, тамаркузро коҳиш медиҳад ва эҳтимоли беморӣ ё вазни зиёдатиро зиёд мекунад. Барои он ки кӯдакон солим ва қобилият дошта бошанд, ба машқ ниёз доранд. Аммо дар бисёр манобеъ метавон мутолиа кард, ки насли наврас “камақл” ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва эмотсионалӣ “камбағал” шуда, инчунин амалан ба варзиш машғул нашуда, танбал шуда истодааст. Аз ин лиҳоз моро мебояд насли навраси ҷомеаи худро ба варзиш таблиғ намоем ва барои ояндаи неки онҳо саҳмгузор бошем.

Сафаров Комрон Икромович- аъзои фаъоли ҲХДТ, муаллими варзиши кӯдакона аз т/и/ҳ-и “Ҷавонон ва варзиш”