ВАРЗИШ БАРОИ ИНКИШОФИ КӮДАК МУҲИМ АСТ!

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Яке аз самтҳои асосии соҳаи маорифи  кишвар,

ин фарогирии ҳар чи бештари кӯдакони хурдсол ба муассисаҳои томактабӣ мебошад. Ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Таҳсилоти томактабӣ аввалин ва яке аз зинаҳои муҳим дар таълиму тарбияи кӯдакон ба шумор меравад дар ин марҳила метавон завқи ононро ба варзиш бедор намуд  зеро он барои инкишофи ҳамаҷонибаи наврасон нақши муҳим дорад.

Рӯзҳои волонтёрӣ таҳти унвони «Мо дар тарбия ҳамроҳем»  дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №3-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант низ, баргузор гардид.