СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮИ “ҲУҚУҚҲОИ ХУДРО МЕОМӮЗЕМ ”

Н.Хусрав:  

 Соати сиёсӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқҳои худро меомӯзем ” дар  таърихи 26-апрели соли 2024 дар муассисаи таълимии №17-и  ноҳияи Носири Хусрав бо толибилмони синфҳои болоӣ баргузор гардид. 

Дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  Шаҳло Саидмуродова, омӯзгорони муассисаи таълимии №17-и ноҳия иштирок намуданд. Хонандагон оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, маълумоти пурра пайдо намуда, дар охир ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас гардонданд.

Хонандагон қайд намуданд, ки дар давлати соҳибистиқлол онҳо ҳуқуқ ба хондан доранд. Ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумату давлат  барои таҳсили наврасону ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам овардааст. Қайд гардид, ки соати сиёсӣ дар мавзӯи “Мо ҳуқуқҳои худро меомӯзем” дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор мегардад.