ВОХӮРИИ СУДМАНД БО АҲОЛИИ МАҲАЛЛАИ МИРЗООБОДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “НАВРӮЗ”

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати иҷрои нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав вохӯриву суҳбатҳо бо  сокинони деҳаю маҳалаҳо оид ба пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ (ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ ва ғайриқонунӣ) аз ҳисоби ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта ва дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда;

  • риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;  
  • истифодаи самаранок ва оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ;
  • пешгирӣ аз тарғиби либоси бегона ва даъват барои пӯшидани либоси миллӣ; аз байн бурдани ришмонии дароз ва бетартиб аз ҷониби ҷавонон;
  • дасткашӣ аз сафарҳои ҳаҷи фарзӣ ва умраи такрорӣ, ҳоҷиошӣ ва ҳоҷиталбон;
  • мусоидат дар сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати баҳории соли ҷорӣ;
  • пешгирии ҷавонону наврасон аз фарогирӣ ба таълимоти динии ғайриқонунӣ дар назди муллоҳои камсаводу ифротӣ;
  • - пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон;
  • саҳм гирифтан дар корҳои ободонӣ, созандагӣ ва шинондани ниҳолу гулбутаҳо дар маҳаллаҳо, кӯчаҳо ва ҷамоати деҳоту шаҳракҳо дар бораи дастгирии табақаҳои камбизоат, маъбон ва эҳтиёҷманд  баргузор гардида истодааст.

Ҳайати гурӯҳи корӣ  бо усули “Хона ба хона”  дар таърихи 24.04.2024 дар маҳаллаи Мирзоободи ҷамоати “Наврӯз”-и ноҳияи Носири Хусрав дар ҳар як хона бо истиқоматкунандагони он корҳои  фаҳмондадиҳӣ гузаронида,  ҳар як аъзои оиларо ҳушдор медиҳанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, баробариву бародарӣ, дӯстиву рафоқат бояд ҳама вақт дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.