ТЕРРОРИЗМ БА ЯГОН ДИН, МАЗҲАБ Ё МИЛЛАТ ХОС НЕСТ

Н.Хусрав: Вокуниш  

Терроризм ва экстремизм мафҳумҳое ҳастанд, ки дар замони муосир вирди забони ҳама гардидааст. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан, таҳдид эҷод менамояд. Айни замон масъалаҳои марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқододи динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Ифротгароӣ яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест.

Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи оинаҳои нилгун ва шабакаҳои интернет ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулху субот ва тараққиёт равона шудааст, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Мо наврасону ҷавонон бояд донем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасти  душманон эмин нигаҳ дорем. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Камила Ҳайдарова - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав.