ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН РИСОЛАТИ МОСТ

Н.Хусрав: Вокуниш  

     “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

      Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад”, - иброз намуд  дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон. 

        Дар ин Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба муҳиммият ва зарурати Конститутсия, ки заминаи пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардумро фароҳам  меорад,  сухан ронда, онро яке аз дастовардҳои  муҳимтарини кишвар  ҳисоб намуд.

       Моҳияти асосии давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ин ҳифзи ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  мебошад.  Арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат мебошад, ки тавассути он шахс ҳамчун инсони комил тарбия меёбад ва талош менамояд, ки  дар доираи қонун амал намуда, дар бунёди ҷомеаи адолатпарвар саҳми муассир гузорад.  

           Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, он  сабаб мегардад, ки тамоми падидаҳои хатарзо решакан гарданд, мардум бо шукргузорӣ аз фазои орому осоишта  ба василаи тарбияи ҳуқуқӣ дар доираи қонунҳои давлат амал намуда, барои зиндагии шоиста талош намоянд.

             Дар Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  озодӣ ва ҳуқуқи инсон муқаддас маҳсуб гардида, ҳифзу ҳимояи шаъну шарафи шаҳрванд ва  ҳуқуқу озодиҳои ӯ  бар дӯши кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст, ки дар ин росто бояд масъулияти бештарро эҳсос намоянд ва ба саҳлангорӣ  роҳ надиҳанд.  Таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун дар кишвар боис мегардад, ки нақшаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз байн бурда шавад  ва  мардум дар фазои орому осуда умр ба сар барад .

           Бо дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти Прокуратура дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ  вусъат бахшида, ба василаи  корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро  ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои  умумиинсонӣ тарбия менамоянд . 

          Имрӯз яке аз падидаҳои хатарзои асри  нав терроризму экстремизм ҷаҳонро фаро гирифтаву аҳли сайёраро ба таҳлука андохтааст. Гурӯҳҳои калони экстремистиву террористӣ барои шомил намудани ҷавонони гумроҳ ба сафҳои худ аз тамоми  технологияҳои иттилоотӣ истифода менамоянд.  Ин ангезаи ғамафзо дар ҷомеаи мо ҳар чӣ беш аз пеш вусъат  ёфта истодааст, зеро гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳар васила ҷавонони моро гумроҳ сохта, ба сафи ифротиён ҷалб месозанд, ки боиси таассуф аст.

         Оре, терроризм ва экстремизм душманони ашадии  инсоният дар тамоми сайёра мебошанд, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда,  барои ноил гардидан ба ҳадафи асосии худ  даст ба амалҳои разилона мезананд, ки  ба амнияту суботи  ҷаҳон  ва ҳастии инсоният таҳдид менамоянд.

         Экстремизм ва терроризм хатар, ё  худ ҷинояте  мебошанд, ки на як нафар ё ду нафар, балки тамоми аҳли башарро ба таҳлука андохтаанд. Аҳли ҷаҳон  якҷоя бар зидди ин «вабои аср» бархоста, талош  менамоянд, ки терроризму экстремизмро решакан намоянд. Терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ зуҳуротҳое мебошанд, ба амнияти тамоми сайёра таҳдид намуда, ба равандҳои асосии рушди муносибатҳои байналхалқӣ  ва иқтисодии кишварҳои ҷаҳон  хатар эҷод менамоянд.

         Ба ибораи дигар ҷаҳони имрӯза зери хатари басо бузург, яъне, напазируфтани мақоми дунявӣ дар сохти давлатдорӣ бо суръати баланд ба дини Ислом додани шакли ифротӣ, мушкилоти печидаи ҷомеаро боз ҳам печидатар намудааст.

       Терроризму экстремизм, бунёдгароӣ ва радикализм дар якҷоягӣ маҷмӯи мушкилотҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангии  ҷомеа ба ҳисоб рафта, барангезандаи ҷангу низоъ, қатлу куштор, даҳшату ваҳшоният ва бадбахтиҳои инсоният ба шумор мераванд.

         Аъзоёни ҳизбҳои террористӣ ба ҳар роҳ мехоҳанд фарзандони моро ба доми макру фиреб кашанд, мутеи худ созанд ва ба иҷро намудани аъмоле, ки воқеан номумкин аст, сафарбар намоянд.

      Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм  яке аз самтҳои асосии фаъолияти     мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва сохторҳои қудратии кишвар  ба ҳисоб меравад.

      Имрӯз гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша имконияти густурда доранд, ки тавассути шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ идеяҳои ифротгароёна  ва тундравонаро  паҳн намуда, ба  ин васила  ҳазорон ҷавонони гумроҳу бедонишро ба сафи худ шомил намоянд. Ин гурӯҳҳои тафриқаандоз дар мафкураи ҷавонони ноогоҳу камтаҷриба  идеяҳои тундгароиро ҷой медиҳанд ва онҳоро барои қатлу куштор ва аз байн бурдани амну осоиштагӣ ба ин ё он мамлакат сафарбар мекунанд. Ин амалҳоро террористон тавассути  технологияи муосири иттилоотӣ  амалӣ менамоянд.

       Бинобар ин таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни  ҷавонон  вазифа  ва масъулияти на танҳо  мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ  ва мақомоти давлатӣ  мебошад, балки аҳли ҷомеа ҳам вазифадор ва масъул аст,  ки дар ин росто нақши созгор дошта бошад.   Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм  яке аз самтҳои асосии фаъолияти  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ба ҳисоб меравад.

           Аз ин бармеояд, ки рисолати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, бахусус, мақомоти Прокуратура аз он иборат аст, ки татбиқи қонунро дар кишвар амалӣ гардонанд,   маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардоранд, бо фаъолияти содиқона насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намоянд ва ба ҳамаи қонуншиканиву ҷинояткорӣ дар мамлакат хотима бахшанд.  Дар айни замон ин чора барои гароиши насли наврас ба ақидаҳои ифротгароӣ хеле муҳим аст, зеро дар ин синну сол онҳо ба осонӣ зери таъсири эҳсосот ва гароишҳои хурофотии тундгароёна қарор мегиранд.      

          Ваҳдати миллии дар  Тоҷикистон ба даст омада низ бузургтарин васила гардида буд, то мардуми мо аз ин хатари маргзои фанокунанда, яъне тахрибкориву ифротгароӣ барин хислатҳое, ки ба шаъни инсонҳои асил зебанда нестанд, дурӣ ҷӯянд  ва сулҳу амонӣ, осоиштагиву  осудагиро дар Ватан  барқарор созанд.

            Ҳукумату давлат ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии давлат,  ваҳдати миллӣ, таъмини зиндагии шоиста барои мардумро дар мадди аввали сиёсати хеш қарор медиҳад. Ин сиёсатест, ки  Тоҷикистонро дар  ҷаҳони мутамаддин  дар ҷойгоҳи хосса қарор додааст. Ин албатта барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори бузург аст ва бояд  дар ин замон, дар замоне, ки зуҳури фаъоли  ҷиноятҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва дигар  падидаҳои номатлуб  беш аз пеш  густариш меёбанд, миллат сарҷамъона бо заҳмати созанда, софдилонаву содиқона  кишвари маҳбубамонро аз кулли офатҳои заминиву осмонӣ  эмин нигоҳ дорад ва ба ояндагон чун давлати пешгом ба мерос гузорад.

           Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо дар алоқамандӣ бо аҳли ҷомеа метавонад дар таъмини  боэътимоди сулҳу суббот ва амнияти кишвар, дар  таъмини волоияти қонун нақши созгор  дошта бошад.

          Кормандони мақомоти Прокуратура   дастур  ва супоришоти Пешвои миллатро, ки дар Паёми имсола  ироа гардиданд, сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода,  барои  таъмини волоияти қонун ва амният дар кишвар неруи ақлониву ҷисмонии хешро сафарбар менамоянд ва кафили амну амонӣ ва ҳифозатгари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ  буданашонро дар назди давлату миллат исбот менамоянд.

         Бо боварии комил гуфта метавонам,  ки алоқамандии мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ бо аҳли ҷомеа  дар масъалаи  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон  васила мегардад, ки дар мағзи насли навин андешаҳои солиму созанда  ҷо бигиранд ва онҳо чун фарзандони содиқ ба Ватану  миллат,  муборизони роҳи ҳақиқату адолат  ва муҳофизони ин сарзамини беназиру  мардуми бузурги он ба  камол бирасанд, зеро  ҳифзи амнияти давлат  ва ҷомеа вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мост.

Насриддинзода Нурулло