МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ НАСЛИ НАВРАС БОЯД БАЛАНД БОШАД

Н.Хусрав: Созандагони ватан  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар байни аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватани"- и ноҳия хониши сиёсӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ Камила Ҳайдарова , мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав, Ҳаитова Олмахон, намояндаи Ҷамоати деҳоти "Истиқлол"-и ноҳия, Раҳмонқулов Илҳом, директори муассисаи таълимии №13-и ноҳия иштирок намуданд.
Раҳмонқулов Илҳом директори муассисаи таълимии №13-и ноҳия дар назди падару модар баромад намуда, оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассиаҳои таълимии деҳот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дастовард ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф суханронӣ намуд.
Олмахол Ҳаитова аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣтамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем.
Қайд гардид, ки дар ин самт саҳми омӯзгорону кормандони соҳаи маориф хеле бузур аст. Чунки ҷомеаро дар ҳама давру замон бе иштирок ва мавқеи намояндагони илму маърифат, олимон, аҳли адаб, омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маориф тасаввур намудан имконнопазир аст.