МО БОЯД ХУДШИНОСИИ МИЛЛИРО БАЛАНД БАРДОРЕМ

Н.Хусрав: Вокуниш  

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7-уми декабр соли 2005 баргузор гашт, гуфта буданд: «Террорист дар асли худ дин,мазҳаб, миллат ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст...

Ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги болои исломиро пиёда месозанд».

Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст.

Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд.

Эктремизми сиёсӣ асосан аз солҳои 70 уми асри 20 авҷ гирифта, ба зинаи хеле баланд расид. Он ҳама гуна низоми сиёсию ҳуқуқиро сарфи назар намуда, новобаста аз меъёрҳои конститутсионӣ амалҳои худро ҳақ бароварданӣ мешаванд. Ба гарав гирифтани роҳбарони сиёсӣ ходимони давлатию чамъиятӣ ва одамони дигар кушторҳои сиёсӣ фаъолгаштани ташкилотҳои фашистӣ анархистӣ ва ғайраҳо шаҳодати ин таълимот мебошад. Ҷараёнҳои эктремистӣ бештар ба ишораҳо ва даъватҳои авомфиребонаю чоҳталабона образи хаёлии душманро чун сароб меофаранд.

 Онҳо бештар ба эҳсосоти одамон таъсир мерасонанд. Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, ҳифз намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

 Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илмва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду  маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто  бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.

Шаҳло Саидмуродова, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав