КИШТИ ПИЁЗ ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

Н.Хусрав:  

Тибқи нақшаи имсола дурнамои  кишти зироатҳои кишоварзӣ  7096 гектарро ташкил  медиҳад. Кишоварзони ноҳия   дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кишти  ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо, гандум,  ҷав, зироатҳои хӯроки чорво ва сабзавот машғул мебошанд.

Кишоварзон  талош доранд, ки дар дар майдони 450 гектар сабзавот, аз ҷумла пиёз, картошка, сабзӣ, помидору бодиринг шинонда,  барои  таъмини зиндагии шоистаи мардум бозорҳои ҷумҳуриро бо сабзавоти тару тоза таъмин намоянд.