РУШДИ ДАВЛАТ АЗ СОҲИБҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ВОБАСТА АСТ

Н.Хусрав: Андеша  

“Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия  ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро  таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро  таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи  озодонаро  муҳайё созем”.    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

    Оре,  бо истифода аз муҳимтарин дастоварди мамлакатамон  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ  шаҳрвандон  метавонанд дар рушди  ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии  ҷомеа  нақши созгор дошта бошанд. Мамлакатҳои демократӣ дар ҷаҳон,  ки бисёр пешрафта ҳастанд,  мардумонашон иродаи матин ва маърифати ҳуқуқии баланд доранд.Бинобар ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёме, ки 28.12.2024 ироа гардид, ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, соли 2024-умро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуд.  Эҳтиром ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, ки ҳаёт, шаъну шараф ва каромати инсониро аз ҳама боло медонанд ва инсонҳоро ба сӯйи зиндагии шоистаи раҳнамун месозанд, бояд  бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғибу ташвиқ аз ҷониби   мақомотҳои дахлдор  роҳандозӣ гарданд. Ин яке аз роҳҳои муассир аст, ки метавонад  садди роҳи шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба  шомилшавӣ  ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро  мегардад.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз вазъи аз вазъи ташвишовари ҷаҳон ва минтақа изҳори нигаронӣ намуд ва  ба роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ  ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро  ба он даъват намуд, ки дар тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун  эътибори доимӣ диҳанд.

    Ин маълум ва рӯшан аст, ки имрӯз ҷавонони тоҷик бисёртар рӯ ба китобу китобхонӣ овардаанд ва неку бадро аз ҳам фарқ карда метавонанд. Аммо ҳастанд баъзе афроде, ки  маърифати ҳуқуқӣ ва саводи паст доранд ва фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои  бардурӯғи хоинони миллат ва давлат мегарданд ва даст ба ҷиноят мезананд. Ин нафарон доғ дар номи миллат ва давлат мемонанд. Воқиф набудан аз ҳуқуқҳои маънавӣ  ва надонистани қонун садҳо нафар ҷавононро паси панҷара бурд ва садҳо нафар ҷавонони дигарро аз ҳаёти ширини  ҷавонӣ маҳрум намуд.

  Робитаи зичи аҳли ҷомеа бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар масъалаҳои пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирӣ намудани содиршавии дигар ҷиноятҳо тадбири судманд мебошад. Вақте ки шаҳрвандон дорои маърифати  баланди ҳуқуқӣ ҳастанд, онҳо ба қонун ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ эҳтиром мегузоранд ва барои бунёди ҷомеаи нав орӣ аз касофату бадбахтӣ талош менамоянд. Мутмаин ҳастем, ки ин иқдоми наҷиб  васила мегардад, ки маърифати ҳуқуқии  шаҳрвандон  баланд мегардад ва онҳо бо иҷрои  амалҳои шоиста дар рушду нумӯъ ва гулгулшукуфоии ватани азизамон саҳми бисёртар хоҳанд гузошт. Ҳар як шаҳрванд бояд бандаи қонун бошад. Зеро донистани қонун, дар доираи қонун амал намудан ин аз соҳибахлоқ будани шаҳрванд шаҳодат медиҳад. Шаҳрвандони соҳибхираду соҳибахлоқ  ва соҳибҳуқуқ дар рушди давлат, дар муаррифии  фарҳанг,  тамаддун, таърих  ва забони миллат  саҳми бориз мегузоранд.

Зуурбекзода Амридод  -  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия.