ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ ВА ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ ОН

Н.Хусрав: Андеша  

                                     Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз?!

                                                             Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст!

           Пайғамбари сухан, шоири ҳаётдӯст, ғазалсарои бузург Ҳофизи Шерозӣ соли 1325 дар Шероз ба дунё омад. Падари Ҳофиз Баҳоуддин ба фарзандаш номи падар-Шамсиддин Муҳаммадро гузошт. Чун дар кӯдакиаш Қуръонро аз худ мекунад ба ӯ лақаби Ҳофиз мегузоранд ва баъди хатми мадраса, ки улуми нуҷум, ҳандаса, ҳисоб, таърих, фалсафа ва каломи бадеъро аз худ намуд, ба ӯ лақаби “Хоҷа”-ро медиҳанд.

Ҳофизи Шерозӣ дар замони кӯдакиаш аз падараш ятим мемонад. Бародарони ӯ, ки нозпарварда буданд, дар як замони кӯтоҳ тамоми дороии хонаводаро ба айшу нӯш масраф намуда, муфлис шуданд. Онҳо Ҳофизи хурдсол ва модарашонро партофта, азми сафар мекунанд. Ҳофиз бо модараш дар Шероз танҳо монданд ва модараш маҷбур мешавад, ки Ҳофизи хурдсолро ба хизмати яке аз давлатмандони маҳалла супорад.

Ҳофизи хурдсол ба ҳавлии хӯҷаинаш об мекашонид, ҳезум мекашонд ва  алов мемонд. Дар баробари ҳамаи ин меҳнатҳояш хӯҷаинаш бе ҳеҷ гуноҳаш ӯро мезад. Он пораҳои ноне, ки ба ивази кораш ба ӯ медод, бегоҳ ба хона оварда, бо модараш мехӯрданд. Ниҳоят  Ҳофиз дигар ба ин машаққатҳо тоб наоварда, ҳавлии хӯҷаинашро тарк мекунад ва ба хизмати нонвое медарояд. Кори нонпазӣ низ ба кӯдаки 11 сола вазнин буд, вале Ҳофиз аз уҳдаи кор ба хубӣ баромад. Ба ҳамаи ин мушкилӣ нигоҳ накарда, ӯ дар дил орзуи хондан дошт ва ҳар рӯз ҳангоми ба кор рафтан аз назди мактабхона мегузашт ва ба қироати толибилмон бо шавқу завқи зиёд менигарист.

Рӯзе бо муаллими мактаб вохӯрд ва мақсадашро баён мекунад . Муаллим пул мехост, вале ӯ пул надошт. Аммо чун орзуи ҳамешагии ӯ хондан буд, музди аз нонвой гирифтаро ба чор қисмат тақсим намуд. Як қисматашро ба модар, дуввумро ба мактаб, саввумро ба бенавоён ва қисмати чорумро барои худ мемонд. Ба ҳамин тариқ донишомӯзии Ҳофиз оғоз ёфт. Дар натиҷаи кӯшиш ва рағбати зиёд ӯ яке аз беҳтарин шогирди мактаб гашт. Баъдан кам-кам шеър менавишт, вале онро ба касе нишон намедод. Шарикдарсонаш аз ин кор огоҳ шуданд. Шеърҳои эҷодкардаи ӯ камбудиҳои зиёд доштанд, вале баъдан ранги дигар мегирифтанд ва вирди забонҳо шуданд. Баъди хатми мактаб ба мадраса дохил мешавад ва дар мадраса илмҳои замонашро аз худ  мекунад.

Шуҳрати шоири Ҳофиз дар Шероз паҳн шуд ва ниҳоят ҳокими Шероз шайх Абуисҳоқ Ҳофизро ба дарбор даъват кард. Ҳофиз даъвати ӯро қабул кард. Вале зиндагии шоир дар дарбор зиёд тӯл накашид. Амир Муборизиддин ба мамлакат ҳуҷум оварда, Шерозро гирифт. Халқи бечораро ғорат кард. Ҳофиз низ аз зумраи онҳо буд.

Дар ин ҳангом подшоҳи Ироқ султон Ҳусейн Ҳофизро ба Бағдод даъват кард ва барои ӯ ҳадяҳои зиёде фиристонд, вале  Ҳофиз ин таклифро рад кард.

Ҳаёти сиёсии иҷтимоии мамлакат боз ҳам вазнин мешавад. Писарони амир Муборизиддиншоҳ, Маҳмуд ва Шуҷоъ аввал чашмони падари хешро кӯр мекунанд ва пас ба қатл мерасонанд. Онҳо низ дар зулм аз падар дида золимтар буданд. Мамлакат хароб ва халқ ноосуда гашт. Ҳокимон Ҳофизи ҳақгӯйро  бад медиданд. Зиндагии ӯ фақирона мегузашт. Ҳаёти фоҷеавии оилавӣ шоирро барвақт пир кард . Аввал фарзандаш ва баъд занаш аз олам даргузаштанд. Ҳасудон ва дигар ашхоси нолоиқ ба ҳамаи ин дарду алами Ҳофиз нигоҳ накарда, ӯро озор медоданд. Ба қадри ӯ намерасиданд.

Бинобар ин Ҳофиз маҷбур шуд, ки ватанашро тарк намуда, ба Язд сафар намуд.

Дар Язд шоирро шоҳ қабул намекунад. Ва ӯ бо азобу машаққати зиёде ба ватан бармегашт. Баъдан подшоҳи Дакан ба воситаи Мирзо Фатҳулло ба Ҳофиз туҳфа фиристода, ӯро ба Ҳиндустон таклиф мекунад. Аз нодорию тангдастӣ шоир ин таклифро қабул мекунад ва ба сафар мебарояд, вале ҳангоме ки аз баҳри Муҳит мегузаштанд, тӯфон бармехезад ва киштии онҳоро қариб нобуд мекунад. Ниҳоят бо як азоб киштиро ба бандар бармегардонанд. Ҳофиз аз он ҷо ба Шероз бозмегардад. Бори дуввум Маҳмудшоҳ Ҳофизро ба Ҳинд таклиф мекунад, вале ӯ ин таклифро рад кард ва писараш, ки Шоҳ Нуъмонро, ки майли рафтан дошт, мефиристонад, вале писараш дар роҳ вафот мекунад.

Марги фарзанди охирин барои шоир хеле вазнин афтод. Ғаму андуҳ пайкараи шоирро месӯхт ва зебогии Шероз барои Ҳофиз ғамхона ва бетароват гашт. Ва ниҳоят шоир маҷбур мешавад, ки ба Исфаҳон сафар намуд. Баъди чанд сол боз ба зодгоҳаш бармегадад. Поёни умри шоир дар фақирӣ ва тангдастӣ мегузашт ва ниҳоят  соли 1389 аз олам даргузашт.

Ҳофизи Шерозӣ баъд аз маргаш ба ояндагон мероси пурарзишеро боқӣ гузоштааст.  Мероси адабии шоир, гарчанде ки аз лиҳози миқдор зиёд набошад ҳам, мазмунан хуб мебошад. Бинобар ин дар айёми зиндагиаш дар байни хосу ом ва хурду бузурги Эронзамин аз он кишварҳое, ки бо забони тоҷикӣ-форсӣ суҳбат мекарданд, аз қабили Хуросон, Ҳиндустон, Осиёи Сағир ном ва мақоми шоиста пайдо карда буд. Ғазалҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума ва паҳн гардидаанд. Мардуми ҷаҳон баъд аз ошноӣ пайдо намудан бо ашъораш онро ҳамчун марди назарбаланд, хайрхоҳи бечорагон ва дармондагон, адолатпарвар, ринду ҳаётдӯст шинохтанд. Ғазалҳои Хоҷа Ҳофизро асосан  ду чиз машҳури дунё намудааст. Нахуст мавзӯъҳои баланд, ғояҳои олӣ, ифшои дарди дили инсонҳо, ифода намудани орзую ормонҳои наҷиби кулли башарият, доир ба масъалаҳои гуногуни зиндагӣ. Дуввум бошад бадеиёт, санъати волои сухани ноби шоир аст, ки ҳар қаламкаш дар гуфтани он оҷиз хоҳад монд. Дар ашъораш шаклу мазмун, зоҳиру ботин бо ҳам тарозуи ду паҳлу баробар ва ҳар ду паҳлу баробар ва ҳар ду паҳлу ҳамсадо, ҳамнаво ҳастанд ва ҳар ду барои тавлиди ғазалҳои ҷовидона саҳмгузоранд.

Девони ашъори шоир аз 495 ғазал, 5 қасида, 43 рубоӣ, 34 қитъа, “Соқинома” иборат аст. Миқдори абёти девони Ҳофиз 4650 байтро ташкил медиҳад.

Рубоиёти шоир дорои мазмунҳои гуногун мебошанд. Пеш аз ҳама, шоир дар рубоиёташ ишқи поки инсониро хеле ҷозибанок васф кардааст:

Он турки паричеҳра, ки қасди ҷон дошт,

Монанди парӣ чеҳра зи ман пинҳон дошт.

Гуфтам: “Даҳани танги ту гӯйӣ ҳеҷ аст,?!”

Гуфто, ки “Аз ин ҳеҷ тамаъ натвон дошт”.

Ин чунин инсонҳои баду бадкирдорро маззамат намуда, панд медиҳад, ки аз ин роҳ баргарданд, ба некон бадию ноодамӣ накунанд ва мисли деву дад нашаванд. Мағрур, мутаккабир набошанд ва фурӯтану хоксор бошанд:

Бо мардуми нек бад намебояд буд,

Дар бодия деву дад намебояд буд.

Мафтуни маоши худ намебояд шуд.

Мағрур ба ақли худ намебояд буд.

Мавзӯи ғазалиёти шоир  гуногун буда, дар онҳо умеду орзуи халқи меҳнаткашу ҷафодида, ки худ аз байни онҳо баромадааст, ба хубӣ инъикос ёфтааст.

Лирикаи Ҳофиз ҳолату авзои замони пурошӯб, зиддиятҳои табақаҳои ҷамъиятӣ, муборизаи аҳли илму маърифат барои зиндагии осудаҳолонаи халқи бечора, ишқу муҳаббати инсонӣ ва зебоиҳои табиатро ифода менамояд.

Ӯ хоҳони зиндагии хуши инсонҳо, хоҳони сулҳу  салоҳ, хоҳони саодатмандию пирӯзии халқи азизи кишвараш буд. Аммо дасти шоир кутоҳ буд, танҳо тавонист бо ғазалҳои дилошӯби худ дили халқро бардорад, андак таскин диҳад, ки рӯзе мерасаду рӯзгори шумо хубтару беҳтар мегардад. Бинобар ин ғами беҳуда нахӯред, ки фоида надорад.

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр,

Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!

Эйдили ғамдида ҳолаш беҳ шавад, дил бад макун,

В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон ғам махӯр!

Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,

Доиман яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!

Дар байти аввал шоир мефаҳмонад, ки чун Юсуфи гумгашта ба Канъон хоҳад омад ва ба дидори падараш мушарраф мегардад, кулбаи ғамободи онҳо хандон мешавад ва ба гулистон монанд мегардад. Ин гуфтор ишорат ба он маънист, ки кишвари харобу валангори мо рӯзе обод мегардад ва чун гулистон шукуфон хоҳад гашт. Бинобар сабр намо ва ғам махӯр, ғамгин машав. Ин дунё ба як қолаб, ба як маром нахоҳад монд, рӯзе мерасад,   ту ба муроди дилат мерасӣ ва шодию хушрӯзӣ насибат мегардад.

Мавзӯи ғазал кору рафтори намояндагони дини мубини ислом аст, Воқеан, дар ҳар давру замон ашхосе астанд, ки онҳо дини мубини Исломро ба манфиати худ истифода мебурданд. Ҳофиз ба онҳо нафрат дошта, онҳоро дар баъзе ғазалиёти худ мавриди накӯҳиш қарор дода аст:

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс,

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Шоир дар байти нахуст мақсади асосиашро баён кардааст. Ӯ таъкид менамояд, ки ваъзгӯёне, ки аз минбар   дар бораи аҳкоми дин ваъз мегӯянду мусулмононро ба ростию покӣ ҳидоят менамоянд, онҳо дар амал корҳое мекунанд, ки хилофи ваъзашон бошад ва аз донишмандони маҷлис савол дода фаҳмиданист, ки сабаби ин амал, ин рафтори воизон дар чист? Чаро дигаронро ба тавба кардан ҳидоят мекунанду худ тавба намекунанд.

Хоҷаи бузургвор табъи баланду истеъдоди худодод дошт, ӯ каломи шоиста ва сухани мавзуне биёфарид, ки ҷаҳониён пеши назмаш сари таъзим фурӯд оварданд.

     Бутаева Замира- аъзои фаъоли ҳизб