ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ –ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Н.Хусрав: Андеша  

       Халқи сарбаланди тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо аз фарҳанги волои миллӣ ифтихорманд буда, ин хислати ҳамидаро ба наслҳои хеш ба мерос гузоштааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар намуда, ҳифзи анъанаву расму русум ва маросиму суннатҳои мардумиро вазифаи аввалиндараҷа ҳисобидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зикр кардааст: “Фарҳанги миллӣ ба сифати пояи устувори маънавиёт ва таҳкими аркони давлатдорӣ арзиши ниҳоят бузург дошта, ҳифзи он ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин ганҷинаи маънавии халқи азизамон вазифаи давлат ва тамоми шаҳрвандони кишварамон ба шумор меравад”.

       Даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо музаффариятҳои беназир рӯ ба тараққӣ ниҳод ва сатҳи зиндагии халқ беҳтар гардид. Аз ин шароити созгор истифода намуда, бархе аз одамон дар рафти гузаронидани ҷашну маросим ба исрофкорию зиёдаравиҳо роҳ дода, худнамоиро пеша намуданд.    

       Замона худ тақозо кард, ки баргузории тӯйю маъракаҳо бояд ба як қолаби муайян дароварда шаванд. Боинобати пешниҳоди тамоми қишрҳои ҷомеа санади муҳими тақдирсоз-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 8 июни соли 2007, №272 қабул гардид, ки он аз 5 боб ва 16 модда иборат аст.

       Қонуни мазкур баҳри ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолии ҷумҳурӣ равона гардидааст. Қабули ин санади муҳим ба манфиати мардум буда, барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меоварад. Мардум ин Қонуни миллиро бо хушнудӣ қабул намуданд.

        Дар Қонуни мазкур ва тафсири он мафҳумҳои асосӣ, аз ҷумла анъана, маросим ва ҷашн маънидод карда шудаанд. Анъана ин маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ буда, аз насл ба насл мегузарад. Анъана арзишҳои моддӣ ва маънавии меросие мебошад, ки онро шахси муайян наофаридааст. Ба мисоли идҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, фотиҳатӯй, тӯйи домодию арӯсӣ, арӯсталбон, домодталбон ва ғайра шуда метавонанд. 

       Маросим-маҷмӯи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд. Маросим шакли ҷамъи калимаи расм мебошад. Тибқи Қонуни мазкур маросим ба ду гурӯҳ, яъне маросими хурсандӣ ва дафну азодорӣ ҷудо мегардад. Ба маросими хурсандӣ хатнасур, тӯйи домодию арӯсӣ, домодталбон, арӯсбинон, ақди никоҳ ва ғайраҳо дохил мешаванд. Маросими дафну азодорӣ бошад ин ҷаноза, се, чил ва сол ба ҳисоб меравад

       Ҷашн -таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошанд. Ба ҷашнҳои расмӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар идҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.   

     Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст (моддаи 7, банди 4).

       Тибқи банди 1, моддаи 5-и Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд. Дар ноҳияи Носири Хусрав як комиссияи доимии ноҳиявӣ ва се комиссияи доимии ҷамоатҳои деҳот таъсис дода шуда, тибқи низомнома фаъолият менамоянд.

       Дар асоси банди 1-и моддаи 5-и Қонуни мазкур дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. Ба ҳолати имрӯза дар ноҳия 16 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолияташонро тибқи низомнома ба роҳ мондаанд. Комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд (моддаи 5, банди 4). Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ дар муҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳанд (моддаи 5, банди 5).

       Тибқи банди 1, моддаи 14 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор намуда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабар намоянд. Дар шаш моҳи соли равон бо риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳия теъдоди умумии маъракаҳо 246 ададро ташкил намудааст, ки аз ин ҳисоб 196 тӯйи домодию арӯсӣ, 23 маросими сол, 25 маросими чил баргузор гардидааст. Хароҷоти умумии 196 тӯйи домодию арӯсӣ 684650 сомониро ташкил медиҳад, ки ба ҳар як тӯй 5600 сомонӣ рост меояд.

       “Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд” (моддаи 15, банди 1). Мутаассифона, дар нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи шаҳрвандони ноҳия 2 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, ба миқдори 8160 сомонӣ  ҷаримабандӣ таъин карда шудааст.

         Мутобиқи таҳлилҳо аҳамият ва нақши Қонуни мазкур ҳаматарафа омӯхта шуда, муайян гардид, ки он манбаъҳои маънавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро дар бар гирифтааст.  Ҷанбаъи маънавии Қонуни мазкур ин хислати инсондӯстиву хайрхоҳӣ, камхарҷу сарфакорона баргузор намудани ҷашну маросим ва оростани дастархонро дар бар гирифта, баҳри баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ мусоидат менамояд. Ҷанбаи иқтисодии Қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки он баҳри беҳтар намудани шароити зиндагии мардум равона гардидааст. Самти ҳуқуқии Қонуни мазкур дар он аён аст, ки барои таъмини амнияти ҷомеаву давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа дар кишвар мусоидат менамояд. Ба бетартибию, содир гардидани ҳодисаҳои нохуш дар тӯйю маъракаҳо, вайрон намудани қойидаҳои ҳаракат дар роҳ ва содир намудани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳ таъсири мусбӣ расонид. Бо ҳамин восита рафтору кирдори шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилоту муассисаҳо зери танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта, масъулияти шаҳрвандон баланд бардошта шуд.  

       Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии қонунвайронкунӣ ва зиёдаравиҳо дар баргузории ҷашну маросим бо иштироки мақомотҳои дахлдор мунтазам корҳои маърифатию тарғиботӣ, аз қабили суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ дар байни аҳолӣ доир гардида, баҳри аз байн бурдани хурофоту исрофкориҳо тавсияҳо дода мешаванд.    

      Тӯли  солҳои зиёд  Қонуни мазкур анъана, маросиму ҷашнҳои миллию динӣ ва дигар суннатҳои мардумӣ ба низом дароварда шуд. Хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ, исрофкориву зиёдаравиҳо аз байн рафт. Қонуни мазкур дар ҳифз ва пойдории арзишҳои фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва дар ободиву гул-гул шукуфоии Ватани азизамон нақши калидиро мебозад.

       Алалхусус дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ мо танҳо бо роҳи ҳифзи фарҳанги миллӣ метавонем Истиқлолият, ваҳдату суботи кишварро аз хатарҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

 

Турахон Бойғаров - мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав.