АЗ ЯК МОДАРИ БОМАЪРИФАТУ ХУШАХЛОҚ ФАРЗАНДИ САЗОВОР БА ВОЯ МЕРАСАД!

Н.Хусрав: Андеша  

“Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нишонаи солим будани оила ва камолоти ҷомеа пеш аз ҳама муносибати ғамхорона ба зан-модар, зан-мураббии фарзандон   ва нигоҳдорандаи чароғи хонадон аст”.   Эмомалӣ Раҳмон 

   “Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд”, - қайд гардидааст  дар моддаи якуми Кодекси  оилаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

    Оила нахустин ячейкаи ҷамъиятӣ буда, рисолати аслии он давом додани насл ва тарбияи насли солим мебошад. Оила асосан аз падару модар ва фарзандон ташкил меёбад, ки ҳар як аъзои он ба ҳамдигар вобастагии зич доранд, дар шодиву ғам шарик ва дар мушкилот мададрасони ҳам мебошанд. Оила ҳамчун рукни асосии ҷамъият бавуҷудоварандаю тавлидгари наслҳои гузаштаву имрӯза таърихи тӯлонӣ дорад.           

      Нишонаи асосии солимии оила ин эҳтироми зану шавҳар ба ҳамдигар, шафқату меҳрубонии онҳо нисбати фарзандон мебошад. Эҳтироми зану шавҳар дар оила сабаб мегардад, ки кӯдакон  соҳиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бошанд. Ҳам падар ва ҳам модар дар солим ва устувор нигоҳ доштани оила  нақши муассир доранд. Дар ҷомеаи мо ҳуқуқи зан ва мард баробар аст, бинобар ин дар оила низ онҳо дар  дар ҳифз намудани муҳити созгори тарбиявию  ахлоқӣ нақши созгор доранд.          

       Оилаи солим ҳамон оилаест, ки дар он ҳамдигарфаҳмӣ  вуҷуд дошта, ҳамаи аъзои он соҳиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошанд. Оилаи солим оилаест, ки дар он меҳру муҳаббат, шафқату меҳрубонӣ, самимияту дӯстдорӣ дар ҷойи авал меистанд.  Агар дар оила  дар байни  ҳар аъзои он шафқату меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, баробарӣ ҳукмфармо бошад, он оила оилаи саодатманд аст.

    Никоҳи давлатӣ яке аз  маросимҳое мебошад, ки дар ҳаёти навхонадорон муҳим арзёбӣ гардида, маънои онро дорад, ки навхонадорон риштаи издивоҷи якумра баста, дар ғаму шодии ҳамдигар шарик бошанд ва тамоми мушкилоти зиндагиро дар якҷоягӣ ҳал намоянд ва барои фарзандон зиндагии шоиста фароҳам оранд.

 Тоҷикон аз бостон оини суннатӣ, махсусан ҷашни ҷамшедии арӯсии худро дар арафаи идҳои Наврӯзи оламафрӯз ва Меҳргону Сада барпо менамуданд, ки хонадоршавии ҷавонон бо арзишҳои фарҳангӣ пайвандии ногусастанӣ дошта бошад ва он унсурҳои сирф миллии моро  монанди “ба китф орд пошидан”, ки рамзи бахти сафедро дорад, “шир нӯшидан”-маънои ғизои ҳалол хӯрдан, “даври оташ гаштан”-аз бало эмин будан ва рамзи покизагиро дар худ таҷассум менамуд.  Баъд аз зуҳури Ислом  рукнҳои издивоҷ то кунун бо расми исломӣ иҷро карда мешаванд ва суннатҳои қадимаи мардуми мо дар онҳо омезиш ва такмил  ёфта, маросими никоҳро рангоранг кардааст.

  Никоҳ бояд бо ризоияти тарафайн, яъне, ҷавонписару ҷавондухтар сурат бигирад. Ва агар издивоҷ бо муҳаббату самимияти хосса сурат бигирад, чунин оиларо ҳамарӯза музаффарияту нусрат ва файзу баракат думболагир аст. Агар ҷавонон дар интихоби ҳамсари оянда дақиқназар бошанд ва худашон ҳамсафари доимии ҳаётро интихоб намоянд, он вақт яқинан метавонанд оилаи солимро бунёд созанд. Интихоби рафиқи якумра интихоби сарнавиштсоз аст, бинобар ин дахолати дигар аъзои оила дар ин кор тамоман ғайримумкин аст.   

     Аксар вақт никоҳи хешутаборӣ мӯҷиби бадбахт гардидани фарзандон мегардад. Иддае аз волидайни ҳарис, ки намехоҳанд моли ҷамъкардаашонро бегона соҳиб шавад, барои фарзандон аз хешовандони наздик ҳамсафари ҳаёт интихоб мекунанд, ки  чунин интихоб ҳаргиз бобарор намеояд ва боиси пошхӯрии оилаҳо мегардад.

    Бале, чунин ҳолатҳо бисёр ба назар мерасанд, ки занон аз ҷабри зуроварӣ дар оила даст ба худкушӣ мезананд. Сабру тоқат кардан ба ҳар мушкилоти зиндагӣ беҳтарин васила аст, зеро сабр талх аст, вале меваи ширин дорад, мегӯянд дар халқ, ки ҳақ асту рост. Аммо на ҳамаи занон чунин ҳастанд. Заноне ҳастанд, ки зери азобу шиканҷаи  ҳамсарони сангиндилу номеҳрубон маҳрум аз тамоми лаззатҳои зиндагӣ ба хотири  зиндаҷудо нагардидани фарзандонашон сабру таҳаммулро пешаи худ мекунанд ва ба тақдири бад тан медиҳанд. Аммо зӯроварӣ дар оила ба ҳолати рӯҳӣ ва равонии фарзандон низ бетаъсир намемонад.

   Сабаби асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон инҳо аз қабили ҳамдигарнофаҳмӣ, дахолат намудани калонсолони оила ба зиндагии навхонадорон, вазъи иқтисодии оилаҳо, омода набудани оилаҳои ҷавон ба ҳаёти оилавӣ, хушунату зӯроварӣ, беэҳтиромии навхонадорон ба ҳамдигар, рашк ва амсоли инҳо сабабҳое ҳастанд, ки оилаҳо пош мехӯранд ва дар натиҷа фарзандон зиндаятим мешаванд ва дар чорраҳаи зиндагӣ сарсону саргардон мемонанд.  Пошхӯри оилаҳо як мусибати сахт барои ҷомеа ва давлат, зеро  фарзандони чунин нафарон   аз тарбияи комил дур монда, даст ба ҳар гуна ҷиноятҳо мезананд ва дар натиҷа ҷомеа носолим мегардад. 

      Аммо оила ва ҷомеа дар асл аз фарзанд умеди калон доранд. Фарзанди нек боғи падар- гуфтаанд, ки ҳақ асту рост . Фарзанди нек на танҳо барои оила , балки барои ҷомеа зарур аст. Фарзандоне, ки дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия меёбанд, онҳо дар бунёди ҷомеаи нави лаёқатгаро низ саҳми арзишманд доранд.

    “Ягон давлат, ягон ҷомеа то даме, кидар он ваҳдати миллат таъмин набошад, пеш рафта наметавонад, Вобаста ба ин мехоҳам гӯям, ки оилаҳои солим, тарбияи ҳисси поки боэҳтиромона ба падару модар, хешу ақрабо, дастгирии бечорагону корафтодагон ҳамон пайвандест, ки метавонад як оиларо ба оилаи дигар  ва умуман тамоми халқҳои  кишварро муттаҳид созад”, гуфта буд дар яке аз суханрониҳояш Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

          Ба қавли Пешвои муаззами миллат:  

 “Ҳаёт собит месозад: дар он хонаводае, ки зан-модар  бомаърифату хушахлоқ мебошад, аксар вақт  фарзандони сазовори номи нек ба воя мерасанд”.  

    Оре, ин ҳақ аст, зеро зан-модар- такягоҳи оила, чароғи хонадон, машъалафрӯзи роҳи ҳақиқат, созанда, бунёдкор, соҳиби хонадони обод, тарбиятгари насли солиму солеҳ мебошад. Ҷомеа ҳамеша ба  чунин занони нексирату хирадсолор  ниёз дорад.  Ва борҳо шоҳиди ҳол  гардидаем, ки дар оилае, ки зан-модар хушахлоқ, соҳибхирад ва кадбонуи хуб аст, дар он хонавода фарзандони солеҳ, накӯном , содиқу созанда ба камол мерасанд. Ва барои ҳамин мегӯянд: “Зани нек офияти зиндагонӣ бувад”.

 Бузургворе гуфтааст: “Зан бояд покиза ва покдин ва кадбону ва дӯстдори шӯй ва шармноку порсо ва кӯтоҳдасту кӯтоҳзабон ва чизнигоҳдоранда бошад. Шавҳар ҳам бояд ҳамчунин бошад, покдину покдил, покзабону ботаҳаммул. Кадхудое бошад баиззату  худро нигоҳдоранда”.  

Умеда Махкамзода - и.в мудири бахши  сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Носири Хусрав