РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ

Н.Хусрав: Андеша  

Дар замони Истиқлолият арҷгузорӣ ба фарҳанг ва мероси фарҳангӣ, инчунин эҳтиром ба шахсиятҳои бузурги таърихии миллати тоҷик ҷавҳари асосии сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро ташкил менамояд. Давраи адабиёти забони форсии нав, ки машҳур ба забони дарӣ аст, бо давраи салтанати Сомониён ва бо номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ алоқаманд аст. Ин адабиёт дар замони Сомониён ба вуҷуд омад ва забони он забони давлатӣ ва забони илму фарҳанги эронӣ гардид.

Шуҳрати ҷаҳонии адабиёти форс-тоҷик низ аз ҳамин аср ибтидо мегирад ва дар саргаҳи ин адабиёт Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун бунёдгузор мақому манзалати бузург ва олӣ дорад.

 Омӯзиши илмии рӯзгор ва осори Рӯдакӣ  дар асри Х1Х дар Аврупо шурӯъ шуд. Аз олимони Аврупо ду нафар донишманд бо пажӯҳиши ҷиддии худ имрӯз ҳам дар рӯдакишиносӣ нақше доранд. Як шарқшиноси олмонӣ  бо номи Ҳерман Эте буд, ки дар соли 1873 китобе дар шарҳи рӯзгори устод Рӯдакӣ навишта, бори аввал шеърҳои   ӯро гирд овард.

Омӯзиши Рӯдакӣ дар диёри вай ва дар сарзамини ӯ дертар шурӯъ шуд. Дар соли 1926 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар маъракаи тарғиби мактабу маорифи нав рӯй ба мероси гузошта ва пеш аз ҳама ба шахс ва осори Рӯдакӣ овард. Вазорати маориф аҳ аҳамияти Рӯдакӣ ва осори   ӯро дар бой гардонидани ҷаҳони маънавии мардум таъкид намуда, яке аз Рӯзҳои Наврӯзро “Рӯзи Рӯдакӣ” ва таблиғу тарғиби эҷодиёти шоир эълон намуд. Устод Айнӣ барои мардуми Ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон мероси гузаштаи адабиётамонро дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» гирд овард ва саҳифаи аввали онро аз шарҳи ҳоли Рӯдакӣ ва шеъри шоир оғоз намуд. Соли 1940 Айнӣ дар бораи Рӯдакӣ рисолаи илмие навишта, бори аввал дар рӯдакишиносии мо диққати аҳли илмро ба ҷамъ намудани ашъори Рӯдакӣ аз маъхазҳои хаттӣ ҷалб намуд.

Дар Эрон дар аввалҳои солҳои сивуми қарни гузашта шодравон устод Саъид Нафисӣ ба тадқиқи ниҳоят амиқ ва доманадори муҳити зиндагӣ, рӯзгор ва осори Рӯдакӣ шурӯъ кард. Се маҷаллаи ин тадқиқоти  Рӯдакӣ дар солҳои 1930-1940 аз чоп баромад. Дар ҷилди севуми ин китоб қариб ҳазор мисраъ шеъри Рӯдакӣ гирд омада буд. Китоби Сайид Нафисӣ гуфтан метавон сароғози ҳақиқии илми рӯдакишиносӣ гардид. Номи ин шоири забардасти адабиёти форс- тоҷик Абӯабдуллоҳи Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ муқаррар шудааст.

Вай тақрибан соли 858 мелодӣ дар деҳаи Рӯдак, ки аз рустоҳои ноҳияи Панҷакент аст, ба дунё меояд. Аксари тазкиранависон ва таърихнигорони пешин зодгоҳи   ӯро дар яке аз деҳа ё қаряҳои атрофии Самарқанд муқаррар намудаанд. Ин тахмин ва норавшанц соли 1940 дар натиҷаи сӯҳбати устод Садриддин Айнӣ бо яке аз сокинони деҳоти атрофии Панҷакент ва тибқи шаҳодати он гувоҳи зинда ба асноди маъхазҳо саҳеҳ муайян гардид. Яъне, ҷойи таваллуди шоир ва оромгоҳаш деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст. 

Аз ин рӯ, дар боби зодгоҳи устод Рӯдакӣ то пайдо шудани далелҳои собиткунандаи нав набояд шакку шубҳа ва тахминҳои дигар ҷой дошта бошанд.

Соли 1956 аз рӯйи тадқиқотҳои устод Садриддин Айнӣ бо роҳбарии профессор М.М.Герасимов ковишҳои махсуси илмӣ гузаронида шуда, қабри устод Рӯдакӣ пайдо гардид.

М.М. Герасимов аз рӯйи косаи сари шоир симо ва пайкари вайро ба вуҷуд овард. Акнун ҳалқи тоҷик ва тамоми мардуми эронитабор имкон пайдо карданд, ки пас аз асрҳои зиёди сипаришуда самои асосгузори адабиёти худро бо ҳисси ифтихори бузург бубинанд.

Солҳои тифлии Рӯдакӣдар зодгоҳаш Панҷрӯд, дар канори волидайн мегузарад. Вай хеле барвақт хату савод бароварда, ба омӯзиши илмҳои замонаш машғул шуда будааст. Мегӯянд, ки дар ҳафтсолагӣ «Қуръон»-ро азёд карда буд.

Устод Рӯдакӣ дар Самарқанд рӯзгори хушеро ба сар бурдааст. Вай ҳамчун фарди соҳибистеъдод дар баробари  машғулияти пайваставу фарогирии илмҳои замон  ба сарояндагиву навозандагӣ ва шоирӣ машғул гардида, дар маҳфилу маҷлисҳои адабию илмии шеър иштирок мекарду шӯҳраташ рӯз ба рӯз боло мерафт. Овозаи ин мутрибу овозхон ва шоири баландистеъдод то ба дарбори Сомониён мерасад ва   ӯ дар Самарқанд дар аҳди ҳукумронии Насри 1 ибни Аҳмад (ҳукмрониаш солҳои 865-892 мелодӣ) ба хизмати дарбор даъват карда мешавад.

Ба дарбор омадани устод Рӯдакӣ, аз як тараф, бо таклифи амирони Сомонӣ бошад, аз ҷониби дигар майлу  хоҳиши   ӯ низ буд. Ба дарбор майл кардани ин ҳунарманду суханвари дар касбу ҳунари худ баркамол сабабҳои муайян дошт.

Рӯдакӣ дар  дарбори Сомониён ба унвони фахрии «Маликушшуаро» сазовор мегардад. Шоирони баъдӣ   ӯро ба сифати  «Султони шоирон», «Сари шоирон» «Устоди шоирон” «Одамушшуаро», «Соҳибқирони шоирӣ» ва ғайра  зикр кардаанд.

 Рӯдакӣ бо забони оддӣ шеър мегуфт. 

Устод Рӯдакӣ дар охири умр ба зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд боз мегардад ва дар иҳотаи ҳамдиёрон ва наздикон рӯзгори миёнаҳолонае ба сар мебарад.   Ин солҳои   зиндагии худро дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» хеле хуб ва бо тафсил нақл кардааст. Шоири дар Арабу Аҷам шӯҳратёфта баъди се соли бо зодгоҳаш баргаштан, соли 941 (мелодӣ) аз олам мегузарад. ӯро дар яке аз боғоти Панҷрӯд ба хок месупоранд. Имрӯз оромгоҳаш зиёратгоҳи аҳли фарҳангу ҳунар ва аҳли дил аст.

Марги чунин як суханвари донову тавоно наздикон ва дӯстони ҳамқаламашро бениҳоят ғамгину мотамзада карда буд.

 Яке аз шоирони гумноми ҳамзамони устод Рӯдакӣ дар марсияи ба  ӯ бахшидааш бо ҳазор дарду алам гуфтааст:

 

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати   ӯй,

Май бирезад, нарезад аз май бӯй

 

Ашъори устод Рӯдакӣасосан дар жанрҳои ғазал, қасида, рубоӣ, маснавӣ эҷод шудааст, номгӯйи мухтасари осори   ӯ ба он далолат мекунад, ки мероси адабии шоир ба тарзи ҳайратангез бузург будааст ва таъдоди каме, ки имрӯз ба мо расидааст, уқёнуси беканори эҷодии вай ҷӯйи равоне беш нест.

Эҷодиёти устод Рӯдакӣ инъикоси давраи ниҳоят муҳим ва илова бар ин пурталотуми таърихии мост. Дар ашъори   ӯ на таньо инъикоси лаьзаьои ҷудогонаи зиндагии шахси суханвар, балки воыеъаьои бузурги иҷтимоъц таҷассум ёфтаанд. Имрӯз аҳамият ва арзиши эҷодиёти устод Рӯдакӣ дар он аст, ки шоир дар шеърҳояш фикрҳои пешқадами замон  инсондӯстӣ, адолатпарварӣ, нафрат ба зулму ситам, ишқу муҳаббат, оҳангҳои ҳаётдӯстиву ватанпарварӣ, ситоиши хирад, тавсифи ин ва дастовардҳову пешрафти маънавиро тараннум кардааст.

Дуруст аст, ки номукаммалӣ, парокандагӣ ва гоҳе номураттабии ашъори бозмондаи   ӯ имкон намедиҳад, ки ҷаҳонбинии шоирро бо тафсил ва тартиби муайян муқаррар намоем. Бо вуҷуди он аз осори бозмондаи устод ҳикматҳои фалсафӣ ва андешаҳои амиқи иҷтимоӣ ҷилвагаранд.

Муҳаққиқон  устод Рӯдакиро ҳамчун суханвари ҳаким шинохтаанд. ҳамин аст, ки дар осори бозмондаи   ӯ панду насиҳат, суханҳои ҳикматомез, ки хислатҳои беҳтарини одамиро тарғиб ва рафтори ношойистаи онро маҳкум мекунад, ниҳоят бисёр аст. Таъсири бузурги суханони ҳикматомези   ӯ гуфтаҳои берӯи хушку холӣ набуда, балки натиҷаи таҷрибаи ҳаёти ҳаррӯзаи, ҷамъбасти хирадмандонаи рафти зиндагӣ мебошад.

Аз ин сабаб аксари суханҳои пандомӯзи   ӯ барои имрӯзи мо низ аҳамияти бузурги маънавӣ дорад.

 Устод Рӯдакӣ ҳамчун шоир ва донишманди бузург, ки умри дароз дида, шоҳиди воқеаҳои сиёсиву фардии ҷомеа шуда буд, барояш таҷриба ва гузошти рӯзгор сарчашма ва нуқтаи маърифат дониста мешуд.

Агар одамӣ аз таҷрибаи ҳаёт, воқеъияти мавҷуда чизеро дарк  карда натавонад, пас ҷамъбасти насиҳати назарии ҳеҷ донишманд ба вай ибрат шуда наметавонад:

 

   Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рӯзгор,

   Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

 

Яке аз ғояҳои беҳтарине, ки шоири ҳаким тарғиб мекунад,  инсондӯстист. Устод Рӯдакӣ ба озори додани касон, куштори бегуноҳу бечорагон қатъиян муқобил мебарояд. Дар шеъри пандомӯзонааш мегӯяд, ки теғу шамшер фақат барои куштор ба дасти одам дода нашудааст ва агар чунин бошад, ин гуноҳи азиме хоҳад буд назди Худову бандагон:

 

         Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

          Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт…

 

Илму дониш қувваи бузургест. Инсон бо ҳар роҳу васила бояд пеш аз ҳама дониш омӯзад, зеро:

           Дониш андар дил чароғи равшан аст

             В –аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!

Имрӯз маьз бо сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ноҳия, ҷамоат, деҳа, кӯча, хиёбон, боғ, донишкада, қасри фарҳанг, мактабу омузишгоҳ, ҳатто корхонаҳо бо номи ин нобиғаи ҷаҳонӣ номгузорӣ шуда, ҳайкалҳои   ӯ бешумор қомат афрохтаанд.

Баракати сиёсати фарҳангпарваронаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар такя ба адабиёту фарҳанг аст!

Зиндаву ҷовид бод забоне, ки Рӯдакӣбо он эҷод кардааст!

Мирзоҳасанова Ҳадиса - мушовири химия-биологияи шуъбаи маориф дар ноҳияи Носири Хусрав