АЗ КИТОБИ “ТОҶИКОН” ОҲАНГИ БЕДОРӢ РАСАД

Н.Хусрав: Андеша  

 

“Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”.

 

                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

 

      Халқи тоҷикро аз қадим ҳамчун миллати худшиносу ватандӯст, фарҳангсолору тамаддунсоз мешиносанд. Дар тӯли қарнҳо донишмандон, шоирону нависандагон ва олимону мутафаккирони барҷастаи тоҷик тавонистанд дар тамаддуни башар осори гаронбаҳои хешро ба мерос гузоранд. Ин аст, ки яке аз фарзандони содиқи Ватан-Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров барои миллати хеш ва ҷаҳониён ганҷи тиллоӣ-таърихи халқи тоҷикро, ки солиёни зиёд аз сарчашмаҳои гуногуни ҷахон ҷамъ овардааст, ба мерос гузорад. Дар китоби мазкур таърихи халқамон аз давраҳои қадимтарин то ибтидои асри ХХ инъикос гардида, нигораву расмҳои бозёфтшудаи давраҳои бостонӣ дар он гирд оварда шудаанд.

       Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳии ҳар фарди ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон нақши босазо дорад. Дар тарбияи насли ватанпарвару меҳандӯст нақши калидӣ доштани китоби “Тоҷикон” дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшану возеҳ дарҷ гардидааст: “Шоҳасари безаволи Бобоҷон Ғафуров –“Тоҷикон” шиносномаи миллати мо буда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии тоҷикон хизмати шоиста кардааст.

       Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз огаҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ ва ошноӣ бо корномаи фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву истиқлол ва таҳкиму пойдории давлатдории миллӣ талош кардаанд, сарчашма мегирад. Мо дар давраи ҳассоси давлатсозӣ, яъне дар оғози марҳилаи бунёди давлати миллӣ қарор дорем. Моро зарур аст, ки давраҳои таърихии рӯзгори халқамонро бо диққати том мутолиа намоем, аз ҳар саҳифаи гузаштаи ниҳоят пуршебу фарозаш сабақ омӯзем, аҷдоди номбардори худро шиносем, аз решаҳои қадимаи миллати хеш огоҳ бошем, ба мардуми бумӣ, фарҳангиву тамаддунсоз, ҳунарманду эҷодкор ва соҳибмаърифат будани халқамон ифтихор кунем, таърих, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиро ҳифз намоем”.

      Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби академик Бобоҷон Ғафуров- “Тоҷикон” аз нав дар як ҷилд чоп гардида, ба ҳар як оила туҳфа гардид. Мардуми тоҷик аз ин туҳфаи гаронбаҳои Сарвари давлат бениҳоят шод гардиданд, чунки ҳар як хонаводаи кишвар имкон дорад аз таърихи мардуми кӯҳанбунёдамон, матонату шуҷоатмандии аҷдодони мо, ки барои озодиву истиқлолияти хеш бо душманони миллат муборизаҳои шадид бурдаанд, ошно гардад.  Ва ин дарси ватандориву хештаншиносӣ аз насл ба насл хоҳад гузашт, яъне китоби “Тоҷикон” пайвандгари наслҳои ватандӯсту  маърифатпарвар ва далеру шуҷост.

       Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳониро таҳдиди хатарҳои терроризму экстремизм, бархӯрди тамаддунҳо фарогир аст, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ мероси созандаи гузаштагон ва андешаи ватандӯстонаи онҳоро пеша намуда, баҳри пойдории Тоҷикистони азизамон ҷаҳд намояд. Имрӯз моро месазад, ки аз мероси пурғановати халқи тоҷик - китоби “Тоҷикон” васеъ истифода барем, онро амиқ омӯзем, зеро он сарчашмаи ойини ватандорист.

      Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар шеъри “Китоби “Тоҷикон” овардааст:

Аз китоби “Тоҷикон” оҳанги бедорӣ расад,

     Ҷашни мотамдори даврони гаронборӣ расад.

         Ҳарфҳо тиранду хатҳо найзаҳо, ҳар сафҳа дашт,

      Аз ҳамин саҳро фақат бонги ватандорӣ расад.

 

Инобат Набизода -аъзои фаъоли ҳизб