САҲМГУЗОРИИ ҲИЗБИЁН ДАР ОБОДКОРӢ

Н.Хусрав:  

Дар заминаи дастуру  супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар ин раванд ба кишвари сабз табдил додани он дар асоси нақша чорабиниҳои тарҳрезинамудаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Носири Хусрав аъзоёну ҷонибдорони ҳизб  ҳар ҳафта ба аксияҳои дастаҷамъона баромада, дар рафти корҳои ободониву созандагӣ саҳми хешро гузошта истодаанд..

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 06 апрели соли 2024 аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ деҳаи “Бешкент” ҷамоати деҳоти “Истиқлол” дар ноҳияи Носири Хусрав шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.                     

Дар шанбегӣ аъзоёни ҳизб бо руҳияи баланди арҷгузорӣ ба Ватан фаъолона ширкат варзида, гирду атрофи маҳаллро аз алафҳои бегона тоза намуданд.