ДОНИШ БО ХУРОФОТ САРИ АДОВАТ ВА СИТЕЗА ДОРАД

Н.Хусрав: Вокуниш  

        Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини Ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад». Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор омада, ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст.

    Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо рӯҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар жарфно ва умқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст». Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт, мубориза миёни ду гурӯҳи давлатҳо, ду идеология – лагери сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи коммунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.

   Пас аз суқути ИҶШС ва пош хӯрдани иттиҳод (лагер)-и сотсиалистӣ мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.

  Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чӣ тавре ки дар аввали суҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд. Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.

    Мутаассифона, дар тӯли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқуъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардид. Мисол, нашри романи таҳрибкорона, таҳрифкоронаи Салмони Рушдӣ, сӯзондани китоби «Қуръон» аз ҷониби роҳиби бадкеши масеҳӣ Тери Ҷонсони амрикоӣ, амали нобакоронаи карикатуристи Дания Курт Вастергаард, ки расм – карикатураи хаёлии Пайғамбари ислом Муҳаммад (с)-ро дар солгарди амалиёти террористии Ню-Йорк дар шакли бомба офарид, боиси нафрат ва маҳкуми мусулмонон ва шахсони солимфикри ҷаҳон гардид. Сӯзонидани намоишкоронаи китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» дар Амрико ва дигар амалҳои зишти исломситезии Ғарб вокуниши аксар кишварҳои мусулмонӣ ва ҷаҳони мутамаддинро ба вуҷуд овард.

Саидмуродова Шаҳло - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав