ОМАДАНАТРО ТАБРИК МЕГӮЯМ, ЭЙ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ

Н.Хусрав: Андеша  

Эй баҳори нозанин хуш омадӣ бар диёри арҷманди мо! Хуш омадӣ, бо ин ҳама таровату фасоҳат назокату балоғати тоҷикона  бар остони мо. Аз бую накҳати сунбулу райҳон тамоми дунё муаттар, аз шарофату қадами мубораки ту гашта. Ба мо бӯйи Наврӯзро меорӣ, ки  оғози хушнудиву хушбахтиҳо, гармиву меҳрубониҳост. Наврӯзи олам бо омаданаш дар чашмҳо нуру дар қалбҳо  сурур мебахшад. Чашмҳои ишқу меҳру садоқат ҷӯш мезанад ва кошонаи Ҳазрати Инсон як соли мудом аз сардҳои зиндагӣ эмин мешаванд.Ай баҳору Наврӯз қудуми мубораки шуморо ба диёри нозанинамон, ки муқаддастарин макони орзую омоли гузаштагону тоҷикони дунё буду ҳаст, хуш қабул менамоем, хоки поятро сурма ба чашм месозем.Ай фаррухпай  Наврӯз, озими роҳи накӯиҳо туӣ. Ҷумла мардуми дунёро ҳамсафари хеш кун, то дар олам фақат каҳкаҳаю сулҳу амонӣ бошад, ҳаёт ҷовидона ва пур аз пирӯзии бахт ҷилвагар гардад.Омаданатро табрик мегӯям, эй Наврӯзи оламафрӯз! Наврӯзи муборакқадам муборак бошад.

                    Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,

                    Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.

                     Аз дай, ки гузашт, ҳар чӣ гуй хуш нест,

                    Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.

Омаданат муборак бошад, Наврӯзи аҷам! Чӣ хуш аст,ки ту меоию боз ғунчаи умеди орзуҳо шукуфон мегардад.Ту меоию боз дар ҳавои софу беғубор  парастуҳои иқболи мо парвоз мекунанд. Ту меоию чашмаҳои ишқу муҳаббат хурӯшон мегарданд. Чашма не, дарёю  баҳр мегардад он ҳама. Боз  аз шар - шари  ҷӯйборҳо ва овози хуши булбул дилҳо ба шӯр  меояд.  Чӣ хуш  аст, таровати гулҳоро дар чаманистон тамошо кардан.Эй дил ғами куҳан  аз дил  берун афкан  ва пурэҳсосу  нозпарвар шав , ки Наврӯз  омада.  Айёми ошиқи зинда будан,  ошиқи Ватан, ошиқи зебоён гаштан даррасида.  Фаромӯш аз дардҳои  пешин куну нисбати ғам бадар намо, эй санами нозанини тоҷик, ки Наврӯз пайғоми  ишқу муҳаббатро аз кӯҳу даман, дашту чаман меорад.Шикан занҷирҳои ғамро ай модари меҳрубони тоҷик, ки Наврӯз пирӯзиву бахту иқбол меорад, ба тую хонадони ту ! Омаданат хуш бошад ба Тоҷикистони азизи мо, эй Наврӯзи фаррухпай.

                Наврӯз шуду бунафша аз хок дамид,

                Бар рӯйи ҷамилони чаман нил кашид.

                 Касро ба сухан намегузорад булбул,

                 Дар боғ магар ғунча ба рӯяш хандид.

Инак, боз аз сӯи чаман насими баҳор мевазад, ки ба дилҳо меҳр, ба дидагон нур ва ба машом бӯи гулҳои наврӯзиро меорад. Ҳар гаҳ, ки сӯи дарахтон менигарӣ, муғҷаҳо чашми умед кушода, майли шукуфтан доранд. Дар ин ҳангом хуршед бар замини пурфайз партави нуру сахо мерезад, дилҳо ошиқона метапанд. Аз чаҳ - чаҳи булбулон, аз навои обшорон, аз хандаи гулдухтарон, баҳор боз ҳам зеботар мегардад. Бо дили саршор аз меҳру муҳаббат ин баҳору Наврӯзи Аҷамро ба ҳамагон табрик намуда, орзу дорам, ки қасри хушбахтӣ барои ҳар як инсон бунёд гардад. Ба модарон беғамӣ дар замона, ба тифлакон шодиҳои кӯдакона, ба писарон хислатҳои мардона ба духтарон ҳаёи тоҷикона ба ошиқон ишқи поки тоҷикона таманно мекунам.Наврӯз омад, Наврӯзи бостонӣ, ки ёдгори бебаҳои ниёгони мост. Имрӯзҳо ҷомаи зарбофт ба бар карда, бою рангин гаштааст ва ба иду анъанаи зебои кунунӣ табдил ёфтааст. Ин идро мо тоҷикон, иди меҳнату бунёдкорӣ, иди сулҳу амонӣ, бародарӣ, дӯстии халқҳои ориёӣ, иди пос доштани анъанаҳои гузаштагон ва тавлиди маросимҳои нави замонавӣ, иди таҷассумгари ҳаёти хуррам, иди ватандӯстӣ меҳисобем, ки ҳамаи ин гуфтаҳо ҳақ аст.

 

                     Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод,

                     Эй чашмаи ҷушида, Наврӯз муборак бод.

                      Эй камдили тарсида аз ишқ фурӯ бигзар,

                      Эй ошиқи шурида, Наврӯз муборак бод.

                      Эй шохаи хушкида, имсол куҷо ту нашкуфтӣ,

                      Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод.

                      Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ,

                      Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод.

                      Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод,

                      Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод.

 

Саидмуродова Ш

Раиси ҲХДТ дар

ноҳияи Носири Хусрав