МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ - ИРШОДГАРИ РОҲИ ҲАҚИҚАТ

Н.Хусрав: Андеша  

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз мутафаккирони барҷастаи форсу тоҷик маҳсуб мегардад, ки дар шаҳри Балх дар шимоли Афғонистон дар оилаи бузургтарин фақеҳи даврон Баҳоуддини Валад, ки бо лақаби «Султони уламо» шуҳратёр буд, дида ба олами ҳастӣ боз менамояд. Дар синни панҷсолагии Ҷалолиддин падараш Баҳоуддини Валад хоки ватанро, ки аз дасти урдуи муғул ба харобазор мубаддал гардида буд, бо аҳли байташ тарк намуда, солҳои бисёре дар Нишопур,  Бағдод,  Димишк, Макка ва дигар шаҳрҳо иқомат ихтиёр мекунад.

Баъдан бо даъвати султони сулолаи Салчуқиён, ки ба аҳли илму адаб ихлоси беандоза дошт, ба пойтахти он шаҳри Куния омада, он ҷо маскан мегирад ва дар яке аз калонтарин мадрасаҳо мударрис таъин мегардад. Ҷалолиддин аз падари соҳибхиради хеш бештари илмҳои замонаро аз худ менамояд. Вақте ки падари Ҷалолиддин аз олам дармегузарад, шогирди бовафояш Бурхониддин Муҳаққиқ ба Куния меояд ва сарпарастии Ҷалолиддинро ба уҳдаи хеш мегирад. Баъди чанд вақт Бурҳониддин Ҷалолиддинро ба Ҳалаб, ки маркази илму адаб буд, барои таҳсили илм мефиристонад. Баъди 4-сол Мавлоно аз Ҳалаб боз ба Димишқ меравад, то беҳтару хубтар бо таълимоти суфия ошноӣ пайдо намояд. Аз Димишқ соли 1040-ум ба Куния бармегардад ва таълими шогирдони падари бузургворашро ба зиммаи хеш мегирад. Соли 1044 баъди шиносоӣ пайдо кардан бо Шамси Табрезӣ Ҷалолиддин куллан тағйир меёбад. Аз суҳбатҳои пурэъҷози ин пири қаландармашраб баҳраёб мегардад. Мавлоно аз Шамси Табрезӣ сирри олами малакутро  ёд мегирад ва ӯро пири худ мешуморад. Дар як ғазалаш ишора ба ҳамин мегӯяд:

 

Пири манӣ, мурид ман, дарди ману давои ман, 


Фош бигуфтам ин сухан, Шамси ману Худои ман.

Мавлоно баъди шиносоӣ бо Шамс аз  илмҳои замонааш дурӣ меҷӯяд ва бештари авқоти хешро дар зери оҳанги «самоъ», (як навъи рақси суфиён) мегузаронад. Ин  барои Мавлоно василае буд, ки ӯро бо Ҳақ наздик мекард. Маст аз шароби ишқи илоҳӣ ғазалҳо эҷод мекард  ва сармасту ошиқона мерақсиду мерақсид. Ба шогирдон ва дӯстони Мавлоно ин рафтораш нописанд мегардад ва онҳо мекушанд ба ҳар роҳе, ки бошад Шамсро нест кунанд. Ва охируламр Шамс  ғайб мезанад. Ин як мусибати бузурге буд барои Мавлонои ташнаи ишқу муҳаббати илоҳӣ. Ин мусибати азиме буд барои Мавлонои ташнаи дидору гуфтору кирдору пиндори Шамс. Шамсе, ки Мавлоно дар симои ӯ нури Ҳақ медид ва ҳангоми суҳбат бо ин сӯфии пок гӯйё ба дидори Ҳақ мушарраф мегардид. Баъдан куллиёти ашъори ин нобиғаи нотакрор бо унвони «Девони Шамси Табрезӣ» мураттаб мегардад. Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ аҳли башарро низ ба он даъват менамояд, ки  роҳеро интихоб намоянд, ки одамиро ба асли хеш бозгардонда тавонад. Аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ осори гаронбаҳое ба мерос мондааст, ки то ба имрӯз ҳам аҳамияти  бузурги тарбиявии хешро гум накардаанд ва баръакс, бо гузашти солҳо ва асрҳои зиёд  бештару беҳтар дар дили аҳли башар ҷо мегиранд ва эшонро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят месозанд.

Мадҳиясароёни Бадахшони Тоҷикистон бошанд, то ба имрӯз ҳам аз ғазалҳои ин адиби инсонпарвари оламшумул истифода мебаранд ва тавассути ин мадҳияҳо мардумро ба ҳақшиносиву инсони комил будан ҳидоят месозанд. Ва ин аст, ки худи Мавлоно дар як ғазалаш мегӯяд: «Аз деву дад малуламу инсонам орзуст». «Деву дад» гуфта, Мавлоно деву ҷин ва ҳайвони даррандаро дар назар надорад, балки он инсонҳоеро дар назар дорад, ки хислати ҳайвонӣ доранд. Мавлоно пайваста одамонро ба он ҳидоят мекунад, ки хислатҳои ҳамида дошта бошанд,  зеро ягона василае, ки одамро инсони комил месозад, ин адаб аст. Ва ҳамин адаб дар ғазалҳои Мавлоно ва дар кулли осори пурарзишаш ҷойгоҳи махсус дорад. Ва агар бигуем, ки кулли осори  гаронбаҳои ин пири маърифат мактабест, саршор аз одамият, ки на танҳо мардуми форсу тоҷик ва турк, балки аҳли башар низ аз он сабақи одамгарӣ ва инсонгароӣ мегиранд, иштибоҳ нахоҳем кард. Ғазали «Хоҷа дарёб, ки ҷон дар тани инсон адаб аст», воқеан ҳам ғазалест, ки дар тарбияи ахлоқии инсоният нақши муассир дорад ва мутмаинем ҳар инсоне, ки агар ба умқи маънии он сарфаҳм биравад ва ҳар як гуфтаи ин пири соҳибназарро сармашқи аъмоли хеш дар зиндагӣ қарор бидиҳад, инсони комил мегардад,  зеро дар он ҳикмате нӯҳуфта аст, ҳикмати ноёб. Ва Мавлоно дар ин ғазалаш инсонро ҳушдор медиҳад, ки адаб - ҷон, адаб - имон, адаб - хосияти хуби инсон аст. Ва ҳамин адаб аст, ки агар онро ҳар инсон дошта бошад, охируламр манзилаш олами улвӣ хоҳад гардид ва ҳар як инсонро ба он даъват менамояд, ки:

Як ду рӯзе, ки дар ин хонаи танг меҳмонӣ,

Боадаб бош, ки хосияти меҳмон адаб аст.

Бадбинӣ, кинаву адоват, ҳасаду бахилӣ, ба қадри ҳамдигар нарасидани одамонро яке аз хислатҳои разилона шумурда, инсониятро ба он даъват менамояд, ки ғаразҳоро аз синаҳо дур созанд ва дилҳоро ба муҳаббатгоҳ табдил бидиҳанд. Дӯстиву рафоқатро миёни ҳамдигар устувор нигоҳ доранд, ба қадри ҳамдигар бирасанд, зеро марг ҳамеша дар камин аст ва метавонад  баъди ҳар дақиқа ҷони ҳазорон одамро бирабояд:

Биё, то қадри ҳамдигар бидонем,

Ки то рӯзе зи ҳамдигар намонем.

Каримон ҷон фидои дӯст карданд,

Саги бигзор, мо ҳам мардумонем.

Панд медиҳад ин олими ҳақиқатҷӯву орифи ҳақпараст мардумро. Ва аҳли башарро ба ваҳдату ҳамдилӣ ва ягонагиву ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд ва мегӯяд, агар иттиҳоду дӯстӣ миёни мардум устувор бошад, ба он газанде намерасад:

Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавҳид,

Ҳар раҳгузаре санг занад, ор надорем.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ашъори баландпоя ва инсондӯстонааш дар миёни тамоми мардуми олам шуҳрати беандоза дорад. Ва ҳамин идеяи инсондӯстонааш буд, ки баъди 800-соли даргузашти Мавлоно аз ин олам мардум ӯро ба некӣ ёд мекунанд, аз суханони пурҳикмати  ин пири хирад ва орифи ҳақнигор ҳикмати зиндагӣ дармеёбанд, сабақи зиндагӣ меомӯзанд, дарси одамгарӣ ёд мегиранд ва ба шинохти асли хеш мерасанд.

Мавлоно 17-декабри соли 1273 дар Куния аз олам чашм мепӯшад. Нақл мекунанд, ки дар рӯзи ҷанозааш аз тамоми атрофу акнофи олам бузургон ба хотири видоъ кардан бо ин пири  покизамашраб ҷамъ меоянд ва дар мотамаш зор-зор мегирянд, ки ин худ як эҳтироми мардуми олам ба ин пири тариқат буд.  Ва то кунун ҳам ҳазорон мардум аз тамоми гӯшаву канори олам ба зиёрати турбати ин марди роҳи ҳақ меоянд ва дар ҳаққи арвоҳаш дуои нек мекунанд. Ва то ҷаҳон боқист, аҳли олам хотири ин абармарди бузург, ин шоири ҳақпараст ва инсондӯсту мардумпарварро пос медоранд.

Камила Ҳайдарова - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав