РӮЗИ ОБОДИВУ СОЗАНДАГӢ

Н.Хусрав:  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав тасмим гирифтанд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ як рӯзи ҳафтаро “ Рӯзи ободониву созандагӣ” эълон намуданд.

Аз ин лиҳоз, дар ноҳияи Носири Хусрав аъзоёни фаъоли ҳизб ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар ободонии  маҳаллаҳо саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар санаи  14-уми марти соли 2024 дар маҳаллаи Сангобаи Ҷамоати деҳоти “Наврӯз”   ҳашари дастаҷамъона бо иштироки  аҳолии маҳалла гузаронида шуд.