ИСЛОМ ДИНИ СУЛҲ ВА БАРОДАРИСТ

Н.Хусрав: Вокуниш  

Ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад. Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст, эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд.

 Мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст.

Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст.         

 Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни муттафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост.  

Ширинбеков Ширинбек - мутахассиси бахши омор ва махзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар н.Носири Хусрав