СОЗАНДАГОНИ ФАРДО

Н.Хусрав: Вокуниш  

Имрӯзҳо наҳзатиҳо, нафароне, ки аз батни модари тоҷик дида ба олами ҳаст во намудаанд, дар оғӯши пурмеҳри модари тоҷик ба воя расидаанд, аз хони пурнози хонадони тоҷик нон шикастаанд, дар ин намакдон туф намуданд ва санги маломату ҳақорат ба сӯи ин модар ҳавола месозанд. Наход модари тоҷик бо он ҳама меҳрубонӣ, бузургиву шавкати ҷаҳонгираш чунин фарзандонро дар домони покаш ба воя расонида бошад, зеро бузургӣ, шавкату ҷалоли ин модар ҷаҳонро фаро гирифтаву аҳли сайёраро тасхир намудааст. Дар ақлу фаҳми инсони комил намеғунҷад, модаре, ки фарзандашро бо ҳазорон савлату нозу нуз ба воя расондааст, охируламр ба ҷои роҳат дидан аз дасти ӯ ҷафоро бинад.

Рафтору кирдор, гуфтору сафсатагӯиҳои наҳзатиён моро маҷбур намуд, ки мо низ амалҳои бадхоҳонаи онҳоро маҳкум намоем. Мо даст ба хунрезӣ, куштори одамон ва тахрибкорӣ намезанем.

Насли навини мо дар давроне тарбия ёфта истодааст, ки бо вожаҳои манфури ҷанг, хунрезӣ, адовату кина балад набуда, сулҳу амонӣ, дӯстиву бародариро шиори ҳамешагии зиндагӣ ва кору фаъолияти хеш намудааст.

Бинобар ин қавми худодод ҳаргиз ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри мустаҳкам нигоҳ доштани пойдевори давлатдории тоҷикон ҳамарӯза дар ҳолати омодабош қарор дорад.

Мо ба азми қавӣ ва иродаи насли навини даврони соҳибистиқлолии кишварамон эътимоди бузург дорем. Мо, чӣ насли бузургсолу чӣ насли ҷавон бо меҳнати ҳалол дар ободонии Ватан саҳми шоиста мегузорем ва онро ободу зебо мегардонем, ба гулшани ҳамешабаҳор мубаддал  сохтаем ва месозем.

Моро, халқи ин Ватани мумтозро, баръакс, суханҳои бемантиқу рафторҳои норавоятон ба ҳамдигар зичтар мекунад. Бародарвор даст ба дасти ҳам дода, талош менамоем, ки ватанамонро ба маҳбубтарин макони олам табдил  диҳем.

Наҳзатиҳо бояд ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки ин мардум дар гирди Пеҳвои муаззами миллати хеш парвонасон гирди шамъ ҷамъ омадаанд ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намудаву баҳри ояндаи пирӯзу гувоҳро бо меҳнати ҳалолу софдилонаашон якҷоя талош менамоянд.

Мутмаин ҳастам, ки ваъдаҳои хушку холии наҳзатиҳо мо ҷавононро гумроҳ сохта наметавонанд. Ин фарзандони аз чашмаи адабу хиради азалӣ об нӯшида, ҳаргиз фирефтаи суханони ин қабил нафарони ватанфурӯш намегарданд. Ва баръакс, барои ояндаи дурахшон нақшаҳои нав мекашанд.

Ҳайдарова Камила - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав