МО ХУРОФАТРО АЗ БАЙН МЕБАРЕМ

Н.Хусрав: Вокуниш  

Сиёсати динии давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, куҳнапарастӣ, хурофот», аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни муттафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост.

Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯйи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.         

 Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Пас аз суқути ИҶШС ва пош хӯрдани иттиҳод (лагер)-и сотсиалистӣ мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.

Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чӣ тавре ки дар аввали суҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд.

Мо, аҳли ҷомеа бар зидди хурофоту хурофотпарастӣ ҳастем   ва намегузорем, ки мардум побанди он бошанд. Мо ба донишу хиради замони муосир эътиқоди комил дорем ва итминон дорем, ки донишҳои замони нав  ҳамаи он падидаҳои номатлубро, ки амнияти мардумро халалдор ва доғдор месозанд, аз байн мебаранд. 

Камила Ҳайдарова - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоти КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав