Таърих гувоҳ аст

Н.Хусрав: Вокуниш  

Таърих гувоҳ аст,  зеро тоҷик ин миллати бовиқор  ҳаргиз тухми хиёнаткориву душманиро дар қалби фарзандонаш напарваридааст, балки пайваста фарзандонро ба росткорӣ, садоқатмандӣ, дӯст доштани халқу Ватан ва амсоли ин хислатҳои ҳамида даъват намудааст.

Мо рафторҳои зишти хиёнаткоронро, ки дар охири солҳои бистуми асри гузашта мардумро гумроҳ намуданд ва дар  Ватани аҷдодӣ ҷанги шаҳрвандиро ба вуҷуд оварданд ва имрӯз ҳам мехоҳанд, он амали нопоки хешро идома диҳанд, маҳкум менамоем. Замоне, ки бародар бар сари бародар теғ мекашид, синаи модарро шикоф мекард, падарро зинда ба гӯр мекард, хиёнаткорон ин манзараро бо чашм дида буданд ва аз он ҳаловат ҳам бурдаанд. Зеро онҳо барои ин амалҳояшон пул, молу зар, сарват мегирифтанд. Барои хоҷагони зархаридашон кор мекарданд ва фикр ҳам намекарданд, бо ин аъмоли бадашон тухми як авлоди бузург, тухми тоҷикро аз байн мебаранд. Хоинони Ватан фикр мекарданд, бузургон, фарзонафарзандони ин миллатро мекушанд ва ба ин васила тухми тоҷикро нест мекунанд, аммо онҳо шояд фаромӯш карда бошанд, ки ба ғайр аз ҳамон 3-4 нафар хоини ватанфурӯшу миллатфурӯш дигарон ҳама ватандӯстдору миллатдӯстдор ва муҳофизони марзу буми кишвар ҳастанд. Агар он хоинони Ватан гунаҳкор намебуданд, пас чаро аз Ватани аҷдодӣ ба дуриҳои дур рафта, аз он сӯи уқёнус санги ҷафо бар сари бародарон ҳавола мекунанд. Беҳтараш дар кишвари худ дар паҳлӯи дӯстону ҳампешагон, дар бари мардуми диёр зиндагии шоҳона ба сар мебурданду барои ояндаи дурахшони фарзандон нақшаҳои ҷадид тарҳрезӣ менамуданд.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик харгиз ба халку Ватан хиёнат накардаву хиёнаткоронро дӯст намедорад. Душманони халқу миллат бо ҳар роҳ мехоҳанд, шуълаи адовату кинаро нисбати давлату Ҳукумати кунунӣ дар синаи ин мардум фурӯзон созанд. Боз аз сари нав бародаронро ба бародарон душман созанд. Тоҷикистонро, ки умеди кулли беватанони дунё ҳаст, ба макони яъсу ноумедӣ мубаддал созанд. Мо, пайравони аҷдодони соҳибхиради тоҷик ҳамеша саъй менамоем, ки пешқадамтарин ва беҳтарин насли замони нав бошем. Давлату Ҳукумат барои таълиму тарбия, кору фаъолият ва зиндагии мо, насли навин пайваста чораҳои муассир меандешад. Мо муваззаф ҳастем, ки тамоми неру, қудрат ва тавоноии хешро баҳри ободии ин диёр ва зиндагии шоистаи мардуми он равона созем. Мо хушбахтарин насли замон ҳастем, зеро дар айёме умр ба сар мебарем, ки дар Ватанамон суруди ваҳдат танинандоз асту кабӯтари сулҳ дар парвоз. Иродаи мустақкаму ақли солими мо ҳаргиз намегузорад, ки мо дар дил тухмӣ бадиву бадбинӣ кошта, баҳри нестшавии давлату миллат нақш кашем. Зеро мо аз таърихи пурғановати ниёгонамон ба ҷуз накӯӣ, инсондӯстиву инсонпарастӣ, ботамкиниву боодобӣ дигар чизеро ба мерос нагирифтаем. Мо аз ҳавои софи Ватан нафас  гирифтаем ва ҳаргиз намехоҳем, он олуда гардад. Мо дар фазои озодию ободи ваҳдати миллӣ чун кабӯтарон парзанон озодона парвоз мекунем ва ҳаргиз намехоҳем, ки бо болу пари шикаста туъмаи зоғу заған гардем. Мо, пайравони Пешвои ваҳдатофарини  хеш Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро ҳаммонанди гавҳараки дидагон ҳифз менамоем, ба қадри озодиву ободии Ватан мерасем, зеро он бо хуни падарону бобоёни шаҳиди мо ба даст омадааст. 

Сафаров Нурхон, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав