НАҚШИ НАВРӮЗ ДАР РОҲИ БЕДОРИИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Ҷайҳун: Андеша  

Мову шумо дар айёми баҳорон, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз қарор дорем. Ин иди аҷдодии мо дорои фазилатҳои неку созанда ва муттаҳидкунандаи башарият буда, ҳазорсолаҳо инҷониб дар муҳити фарҳангии халқҳои олам ҷойгоҳи сазовор пайдо намудааст. Маҳз унсурҳои инсондӯстонаи ҷашни Наврӯзро ба эътибор гирифта, Созмони умумиҷаҳонии ЮНЕСКО онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намуд. Ин иқдоми башардӯстона мояи ифтихору сарбаландии мо-тоҷикон мебошад. Ҷашни Наврӯз миллати моро ба таври шоиста ҳамчун миллати бостониву дорои фарҳангу тамаддуни қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Калимаи “Наврӯз” аз ду вожаи сирф тоҷикӣ – “нав” ва “рӯз” иборат буда, тамоми миллатҳое, ки ин иди аҷдодии моро ҷашн мегиранд, онро бо забони тоҷикӣ – Наврӯз мегӯянд.

Роҳбари давлати мо бо талошҳои худ дар роҳи эҳёи суннатҳои наврӯзӣ ба ҷаҳониён паём доданд, ки Наврӯз таърихан ҷашни тоҷикон буда, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ унсурҳои башардӯстонаи он дар фарҳангу тамаддуни ҳамаи кишварҳои олам ҷойгоҳ пайдо намудааст. Ин аст, ки миллати мо дар таърих ҳамчун як миллати озода зикр мешавад. Сарчашмаи озодагии миллати мо маҳз чунин мероси таърихиву фарҳангие чун Наврӯзи бостон аст ва имрӯз Наврӯзи бостонии мо дар чандин кишварҳои сайёра таҷлил мегардад. 

Наврӯз нуқтаи эътидоли баҳорӣ ё баробаршавии шабу рӯз дар ҳаёти мардуми ориёӣ, махсусан тоҷикон нақши муҳиме дорад. Наврӯз ҳамчун яке аз ҷашнҳои байналмилалӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид шинохта шудааст. Наврӯз ҷашнест, ки умеди инсонро ба пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ қавӣ мегардонад ва одам дар ин рӯз асоси тамоми амалҳои хайрро дар миқёси табиату кайҳон тасаввур кардааст.

Аз ин рӯ, мо бояд бо ин ҷашни оламшумул ифтихор намоем, зеро Наврӯз мероси аҷдодӣ ва мояи ифтихори миллат аст, Наврӯз фарҳанги мост! Иди Наврӯз ва миллати тоҷик аз ҳам ҷудонопазиранд ва ҳазорҳо сол инҷониб миллати тоҷикро бо Наврӯз мешиносанд. Мо бояд Наврӯзро бо тамоми ҳастӣ дӯст дорем ва онро ҳифз намоем, зеро ҳифзи анъанаҳои наврӯзӣ бо ҳифзи Ватан ва фарҳангу миллат баробар аст.

 

Сайфулоев Раҳмиддин – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун