АКСИЯИ ТОЗАГӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободию зебогии диёр бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ташкилотҳои ибтидоӣ ҳар рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе дар дохил ва атрофи ташкилоту муассисаҳо аксияи тозагӣ зери унвони “ҲХДТ – ҳизби созанда ва бунёдкор” баргузор мегардад.

Аз ҷумла, чунин аксия имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Мактаби варзишӣ” дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардида, атрофи майдони варзишии марказии ноҳия аз ҳаргуна ифлосиҳо ва алафҳои худрӯй тоза гардонида шуд.

Ҳамзамон бехи дарахтони ҳамешасабз, ки дар атрофи майдони варзишӣ нашъунамо меёфтанд нарм ва ҷӯйборҳои обрави он тоза карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ташкилоти ибтидоии “Мактаби варзишӣ” дар амали намудани чунин аксияҳо ва корҳои тозагию ободонӣ фаъол мебошад.