СОКИНОНИ НОҲИЯ АЗ ҲАР ЯК ВАҶАБИ ЗАМИН САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРАНД

Ҷайҳун:  

Имрӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисто дар ноҳияи Ҷайҳун Гадоев Асҳобиддин дар якҷоягӣ бо намояндаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷамшедзода Саъдӣ идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” дар деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ ба роҳ монда шуд.

Масъулин ҳангоми суҳбат ба сокинон иброз доштанд, ки самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосил яке аз вазифаҳое мебошад, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо фаъолони ҷомеа иброз намуданд. Аз ин лиҳоз аҳли заҳматкашро мебояд баҳри дар амал татбиқ намудани ин дастуру супоришҳои муҳим камари ҳиммат баста, софдилона заҳмат кашида, ҳосилро безарар ҷамъоварӣ ва захира намоянд.

Бояд зикр намуд, ки кормандони Кумитаи иҷроия ҳамарӯза бо тариқи “хона ба хона” ва дар саҳро бо сокинон вохӯриҳо доир намуда, зарурат ва аҳамияти истифодаи заминро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо мефаҳмонанд.