ДОИР БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 - “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Ҷайҳун:  

Санаи 26-уми апрели соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сокинони ноҳияи Ҷайҳун доир ба эълон гардидани соли 2024 - “Соли маърифати ҳуқуқӣ”  баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода А. А., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Т., муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуда, доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва дастрасии адолат бо сокинон ибрози андеша намуданд.

Аз ҷумла раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед суханронӣ намуда иброз намуд, ки; “Маърифати баланди ҳуқуқӣ - ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва риоя намудани қонунро дар назар дорад. Шахсе, ки дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошад бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ набуда, балки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама ба танзими ҳуқуқӣ дошта, ҷомеа ба тарбияи ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он бешубҳа аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад”.

Ҳамзамон дигар маърузачиён дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ андешарони намуда, баён доштанд, имрӯз бояд ҷавони тоҷик зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд ва дар пешрафт ва гулгулшукуфоии ватани азизамон камари ҳиммат банданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби аҳли толор ба меҳмонон саволу дархостҳо пешниҳод гардида ҷавобҳои мушаххас гирифта шуд.