ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Ҷайҳун:  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, огаҳӣ аз вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил намуда, пайваста миёни сокинон мулоқоту вохуриҳо бо усули “Хона ба хона” баргузор менамоянд.

Аз ҷумла, санаи 25-уми апрели соли 2024 чунин вохӯрӣ бо иштироки гурӯҳи корӣ дар деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ баргузор гардида, мушоҳида мегардад, ки ҳар як сокини деҳаи мазкур тамоми дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакатро сармашқи кори худ қарор дода, заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода намуда, дар таъмини оилаи худ ва ҷомеа бо маҳсулотҳои ниёзи рӯзгор саҳми хешро мегузоранд.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби масъулин ба ҳар як узви оила вобаста ба дигар масъалаҳои болозикр дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.