ОЗМУНИ ҲАРБИИ ВАРЗИШИ ТАҲТИ УНВОНИ «ВАТАНПАРВАР»

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба варзиш имрӯзҳо бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва омузишгоҳҳои ноҳияи Ҷайҳун мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ бо иштироки ҷавонону хонандагон баргузор гардида истодааст.

    Аз ҷумла, санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ бо иштироки мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун Халилов С. ва намояндаи КИҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Гадоев А. даври минтақавии озмуни ҳарбии варзишӣ таҳти унвони “Ватанпарвар” байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир баргузор гардида, ғолибони озмун бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.