ИДОМАИ АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МТМУ 5 ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ "ЧУБЕК"-И НОҲИЯ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар майдони муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ҷамоати деҳоти "Чубек" аксияи ниҳолшинониро роҳандозӣ намуданд.Дар аксияи ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолон иштирок намуда, зиёда аз 150 адад дарахти арча шинониданд. Чунин иқдомҳо дар ҳудуди ноҳия низ бо ибтикори ҳизбиёни ноҳияи Ҳамадонӣ идома дода мешаванд.Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки дар Паёми имсолаашон ироа гардид,ки Тоҷикистонро ба кишвари сабз табдил медиҳем ва дастуру супоришҳои раиси ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ дар ин радиф дар МТМУ рақами 5-и ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ ҳашари умумии шинонидани дарахтони ҳамешасабз бо иштироки хонандагону кормандони муассиса гузаронида шуд.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот