САЙРИ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ, КИ САМАРАИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Ҳамадонӣ:  

 Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳраки Москва, маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар арафаи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таври кул бозсозӣ гардидааст, ҳоло ба яке аз мавзеъҳои диданӣ ва фароғату истироҳати сокинон бадал шудааст. 

Бо иловаи ин кормандони боғ ҷиҳати тозаю озода ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани атрофу акнофи боғ кӯшишу ғайрати софдилона намуда, талош мекунанд, ки сокинону меҳмонон ҳамарӯза дар фазои тозаю муҳити озода истироҳату фароғати комил дошта бошанд.

Тавре мудири боғи мазкур Карим Шарифов иттилоъ дод, аз рӯзе, ки боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия таъмири ҷиддӣ дидааст таваҷҷуҳ ва диду боздиди сокинон низ бештар гардидааст. 

        Ба қавли Карим Шарифов шомгоҳон, хусусан рӯзҳои истироҳатӣ сокинон аз марказ ва ҷамоату деҳоти ҳудуди ноҳия ба таври гуруҳӣ барои тамошо ва истироҳату фароғат ташриф оварда, аз шароиту имконоти мавҷудаи боғ истифода мебаранд.

Ҳамчунин гуфтан ба маврид аст, ки шароиту имконоти мавҷудаи боғи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз боғҳои марказии шаҳрҳои бузурги кишвар камӣ надорад. Дарахтони ороишию сояафкан, роҳҳои ҳамвору тозаю озода, фаввораҳои дилфиребу гӯшаи бозии кӯдакон, амфитеатр ва даҳҳо имконоти дигар аст, ки таваҷҷуҳ ва майлу хоҳиши сокинонро бештар месозад. Чизе, ки диққати моро бештар ҷалб кард насби радио ва пахши ҳамарӯзаи барномаҳои радиоӣ аст. Зеро, радио дар шароити кунунӣ минҳайси дастгоҳи идеологӣ дар бедории мардум ва ғановати маънавии онҳо таъсири бузург мерасонад.  Хулас, боғи фарҳангиву фароғатии шаҳраки Москва, маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мувофиқ ба талаботи замон сохта шуда, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, иду маросими мардумӣ мувофиқ ва қуллай мебошад.

      Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ