АНДЕША АНДАР БОБИ ТОҚӢ

Ҳамадонӣ: Андеша  

АНДАР БОБИ ТОҚӢ
Тоқии тӯсии мардонае, ки бояд тоҷи сари ҳар марди тоҷики ориёӣ бошад, бо ташаббуси вазири фарҳанги ҶӮ гӯиё "соҳиб"-и худро ёфт. Агар аз вазири фарҳанги кишвари ҳамсоя суол кунед, ки чор гули тораки "чуст дупписи" чӣ маъно дорад, бешак ҷавоб хоҳед гирифт, ки "қалампирнусха" ё "бодомнусха".
Ва аммо банда ҳанӯз аз соли 1990 то имрӯз борҳо бонги изтироб мезанам, ки "Ҳон, ба худ биёеду моли худро соҳибӣ кунед! Бидонед, ки нақшҳои ин тоқӣ маҳсули тахайюли бонувони тоҷик аст! Он тарҳ аслан нақши суастӣ (свастика)-и рострав аст. Ин нақшу гули рамзӣ рӯйи матои сиёҳ бо абрешими сафед дӯхта мешавад, яъне, ин ғалабаи рӯшаноӣ бар зулмот, тасаллути нирӯи некӣ (аҳуроӣ) бар нирӯи бадӣ (аҳриманӣ) бошад. Пас ин кулоҳи тоҷикӣ, ки чун Ҷашни Наврӯз мардуми дигари минтақа низ истифода мебаранд, реша дар аҳди ниҳоят қадимии мо дорад. Аз ин рӯ бояд онро ҳамчун як ҷузви либоси расмии мардонаи тоҷикӣ (он бо шиму костюми сиёҳ ва куртаи сафеди мардона ниҳоят зебанда аст! Вале гоҳо Гурдофаридҳои мо ҳам аз он истифода мекарданд.) қабул кардан бояд ва зиёда аз ин чун сарвати маънавии миллат дар ЮНЕСКО боястӣ ба қайд гирифт!"
Албатта, ба навиштаҳои батакрори банда дар рӯзномаи "Паёми Душанбе", ҳафтаномаи "Омӯзгор", гурӯҳҳои фейсбукии "Наврӯзи хуҷаста", "Фарҳанги мардумии тоҷик"... касе на аз зиёиёни мо ҷиддан ҳамовозӣ карданду на аз миёни зимомдорони мо гӯши гапшунаве пайдо шуд. Чаро таваҷҷӯҳ кунанд, ки инҷониб на вазир ҳастаму на кабир...
Ва аммо имрӯз, ки ҳанӯз вақт ҳаст, бояд чӣ коре бикунем? Назари АУ Тоҷикистон, дастандаркорон ин даргоҳи баланд ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чист? Ва шояд бевосита ба Пешвои миллат ва ё Парлумони ҶТ рӯй орем, ки аз АУ талаб кунанд, то бедор шаванду барои пешниҳод ба ЮНЕСКО ҷиддан иқдом намоянд? Магар донишмандон ва давлатмардони мо барои ҳифзи маънавии тоҷи сари хеш омода нестанд? Намешавад, ки ба нишони ҳамройӣ бо камина бародарони фейсбукӣ дар профилашон бо тоқии тусӣ  аксе гузоранд ва дар шарҳ аломати "+"  монанд? 
Назари Шумо чист, азизон?
Марямбонуи Фарғонӣ