ҲАРЗАБОФИИ НАҲЗАТИЁНИ ГУМРОҲ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Ҳамадонӣ: Андеша  

Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати Ислом дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри маълумотҳои сирф дуруғу беасос ва пурғараз кӯшиш дорад, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ню-Йорки ИМА-ро, ки рӯзҳои 20-25 марти соли 2023 сурат гирифт камранг нишон диҳад. Вобаста ба ин наҳзатиёни гумроҳ дар сомонаи экстремистии “азда.тв” мақолаеро бо номи “Кабирӣ: Раҳмон ба Амрико ва Аврупо даъвати расмӣ нашудааст” нашр намуда, ки ин мақола бори дигар беҳаёиву беҳувиятӣ ва хиёнаткориву бадхоҳии наҳзатиёнро нишон медиҳад. Сомонаи болозикр аз қавли террористи рақами 1 нақҳатиён М.Кабирӣ навиштааст, ки гуё Президенти Тоҷикистон ба Амрико даъвати расмӣ нашудаву барои иштирок дар чорабинии кадом ташкилоти тиҷоратӣ рафта бошад. Бояд қайд кунам, ки ҳам сомона ва ҳам Кабирӣ бо чунин фикронӣ аблаҳии худро нишон додаанд.Дар мавриди сафари Президенти кишвар ба Амрико садҳо хабару гузориш ва аксу наворҳо нашр гардиданд. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари баландтарин созмони сиёсии ҷаҳон Созмони Миллали Муттаҳид баромад намуданд. Тули чор рӯз дар қароргоҳи СММ муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалиро баргузор намуданд. Дар чорабиние, ки бо ташаббуси Тоҷикистон баргузор гардид ҳазорҳо намояндагони халқу миллатҳо иштирок намуданд.Аз ҷумла дар кори Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Дабири кулли СММ, роҳбарони созхторҳои СММ, Подшоҳи Нидерланд, Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ботсвана, Боливия, Ироқ, Словения, Либерия, Раиси Шурои Босния ва Ҳерсеговина, Тувалу, Намибия, муовинони сарвазирони Барбадос, Куба, Конго, Монтенегро, Эфиопия, Ветнам, ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ, аз ҷумла 110 ҳайат бо роҳбарии вазирон, инчунин роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 созмони минтақавию байналмилалӣ бо шумули Президенти Бонки ҷаҳонӣ, иштирок карданд. Ҳамзамон, дар ҳошияи Конфронс ҷашни таърихии тоҷикон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил гардид.Бадхоҳон ва хиёнаткорони наҳзат аз шукуҳу шаҳомати ташаббусҳои Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳон ҳасад бурда, мисли девона гардидаанд. Наҳзатиёни ифротгаро дар мушхонаҳои худ пинҳон шуда, аз ҳасад нисбати давлату миллат ҳарфҳои беасос гуфта истодаанд. Воқеан, чунин амалҳои ноҷавонмардонаи наҳзатиёнро маҳкум намуда, ҳамин қайд мекунем, ки марг ба хоинони миллат! Нест бод бадхоҳи миллат!
Бахтзода Ҷомӣ