ДОНИСТАН ВА ШИНОХТАНИ ЧЕҲРАҲОИ МОНДАНОРИ МИЛЛАТ ШАРТ ВА ҚАРЗИ МО ҶАВОНОН МЕБОШАД. - МУЙИ САФЕДРО ФАЛАКАШ РОЙГОН НАДОД…

Ҳамадонӣ: Андеша  

Донишманди шинохтаи соҳаи таърихшиносӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳимов Мусамир бо интихоби пешаи пуршарафи омӯзгорӣ роҳи ояндаи худро муайян сохт ва бо иродаи том ба интихоби худ дар таҳкими худшиносӣ ва маърифати баланди инсондӯстӣ пардохт. Муҳаббат ва самимияти беандоза ба илму адаб ва дарси одаму одамгарӣ дар ӯ ҳанӯз дар муҳити хонаводагӣ ва таҳти таъсири модари мушфиқу меҳрубонаш Нигинабибӣ Иброҳимова буруз намуда буд. Падараш Муҳаммадиброҳим шахсияти обруманд ва номдори деҳаи хушманзари Булқоси ноҳияи Рашт буда, аз миёнаҳои солҳои бистум то миёнаҳои солҳои сиюми асри сипаришуда дар вазифаҳои масъули мақомоти маҳаллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ноҳия ифои вазифа намудааст. Аммо ӯ дунёро хеле барвақт тарк гуфт ва ҳоло Мусамири хурдсол як сол ҳам надошт. Дар солҳои мушкилу даҳшатноки Ҷанги Бузарги Ватанӣ ва солҳои баъдиҷангӣ Нигинабибӣ фарзандонро бо мушкилӣ ва машаққати зиёд тарбия намуда, бо меҳрубониҳои зиёд ба воя расонид.

Оилаи Иброҳимовҳо соли 1952 аз деҳаи Булқоси ноҳияи Рашт ба ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) муҳоҷир шуда, зиндагонӣ дар минтақаи нисбатан гарму тоқатфарсо маҷрояшро барои онҳо дигар кард. Мусамири хурдсол ҳамроҳи бародар ва хоҳараш ба корҳои хоҷагӣ ба модари танҳо дастёр шуда, мактабро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонда, соли 1961 ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1966 онро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Устод баъди хатми Донишгоҳ барои фаъолият ба Раёсати сирри давлатии назди Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон (ГЛАВЛИТ) даъват шуда, то соли 1971 дар вазифаи нозири калон оид ба нигоҳ доштани сирри давлатӣ дар матбуот ифои вазифа намудааст. 

Иброҳимов Мусамир аз соли 1971 ба фаъолияти омӯзгорӣ пайваста, дар вазифаҳои гуногуни; 1971-1975 ассистент, 1976-1983 муаллими калон, 1984-2007 дотсенти кафедраҳои таърихи сиёсӣ, таърихи ватанӣ, таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва бостоншиносӣ, таърихнигорӣ ва архившиносии ДМТ ифои вазифа намудааст. 

Устод М. Иброҳимов соли 1983 зери роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Мақсудҷон Шукуров дар мавзӯи «Робитаҳои илмии Тоҷикистони шӯравӣ бо кишварҳои сотсиалистӣ (1959-1975)» рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, аз таҷрибаи ҳосил намудааш ба шогирдон дарс мегуфт. Баъди таҳқиқи тӯлонӣ соли 2007 рисолаи доктории худро бо унвони «Робитаҳои илмии Тоҷикистон бо мамомлики ру ба инкишоф (1959-1990)» бо муваффақият дифоъ намуд. 

Аз соли 2008 инҷониб дар вазифаи пуршарафи профессори кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамуд. Заҳамоти пуршарафу шабонарӯзии ӯ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуда, бо ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва соли 2017 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба «Ордени шараф» сарфароз гардонида шудааст.

Устод М. Иброҳимов аз соли 1987 инҷониб дар Конфронсу симпозиумҳои илмӣ-тадқиқотии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ бо маърӯзаҳои илмии хеш фаъолона ширкат варзида, илми таърихи тоҷикро дар ин сатҳҳо муаррифӣ намудааст. Солҳои 80-уми асри гузашта устод Иброҳимов М. дар симпозиуми байналмилалии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии табиатшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар мавзӯи «Равобити илмии Тоҷикистон бо мамлакатҳои сотсиалистӣ» маърӯза намуд, ки аз ҷониби мизбонон ва меҳмонон ба ин маърӯза баҳои баланд дода шуд.

Аз мақолаҳои зиёди илмӣ ва проблемавии устод, ки дар маҷмӯа ва маҷаллаҳои илмӣ солҳои гуногун ба табъ расидаанд, дидгоҳи дақиқи илмӣ ва мушикофонаи ӯро метавонем ба осонӣ дарёбем. Хусусан мақолаҳои илмии ӯ “Масъалаҳои муҳимии манбаъшиносии таърихи ватанӣ”, “Таърихнигории ҳуҷумҳои арабҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр”, “Падидаи нав дар таърихнигорӣ”, “Тамаддун ва доираи баҳси он”, “Бедодгариҳои Чингиз”, “Ҳуҷумҳои муғулҳо ба Осиёи Миёна ва паёмадҳои манфии он” ва монанди инҳо аз сухани тозаву нави илмӣ буда, дар таърихшиносии тоҷик таҳқиқоти тозаи арзишманд маҳсуб меёбанд.

Асарҳои калонҳаҷми муаррихи шинохта М. Иброҳимов «Равобити илмии Тоҷикистон бо мамолики Шарқ», «На принципах социалистического интернационализма», “Ҳамкориҳои судбахш”, «Плоды дружбы и сотрудничество», «Контакты ученных», «Полезное сотрудничество», «Научные связи Таджикистана зарубежными странами (60-80-е годы ХХ в)», «Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо мамлакатҳои таррақикардаистода», «Горизонты науки в Таджикистане», «Муруҷу-з-заҳаби Масъудӣ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ», «Назария ва методологияи манбаъшиносӣ», «Таърихнигорӣ-Историография» маҳсуб гардида, дар рушду нумӯи таърихи робитаҳои илмии Тоҷикистон бо мамомлики хориҷӣ ва инкишофи таърихи халқи тоҷик нақши арзанда гузоштааст.

Устод М. Иброҳимов дар ҷараёни фаъолияти омӯзгориаш дар мактаби олӣ баръало эхсос кард, ки ҷанбаи методологии таълими манбаъшиносӣ ва таърихнигорӣ заиф буда, то ин замон бо забони давлатӣ ягон асари мукаммал вуҷуд надорад. Доир ба таълими фанни манбаъшиносӣ, назария ва методологияи он дар макотиби олӣ асари фарогире ба миён наомадааст. Ба ин хотир «Назария ва методологияи манбаъшиносӣ»-ро ба сифати китоби дарсӣ интихоб намуда, ба нашр расонид. Ин китоб аз муқаддима ва се боби асосӣ иборат буда, муҳтавои онро манбаҳои таърихӣ ва масъалаҳои омӯзиши онҳо, классификатсия ва таснифи манбаъҳои таърихӣ, таҳлили мазмуни манбаъ, далели таърихӣ ва манбаи таърихӣ ташкил медиҳанд. 

Дар маҷмӯъ профессор Иброҳимов Мусамир муаллифи беш аз 30 асари илмӣ ва 100 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буда, дар таҳқиқу омӯзиши саҳифаҳои дурахшони таърихи навини Тоҷикистон ва равобити илмии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Устод Мусамир Иброҳимов дар баробари фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ рӯзгори худро бидуни таълиму тадриси донишҷӯён тасаввур карда наметавонад ва тамоми кӯшишу ғайраташро ба харҷ медиҳад, то шогирдонаш аз дарсу роҳнамоиҳои устод баҳравар гардида, дунёи маънавии хешро ғанӣ созанд. Дар давоми фаъолияти пурсамари илмию омӯзгории худ саҳми устод дар рушди таълиму тарбияи донишҷӯён, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, тайёр кардани кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ ва муаррихони касбӣ хеле барҷаста аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дарси одии устод дар ҳалқаи донишҷӯӣ ба маҳфили рангини илму адаб шабоҳат дорад, ки ҳар лаҳзаи он дар хотир мондагор мешавад ва аз миёни тарбиятёфтагони дарсҳои устод камтар касеро медонем, ки аз усулу шеваи тадриси ӯ муассир нашуда бошад. Иддаи зиёде аз шогирдони устод бо роҳнамоии ӯ роҳи илмро интихоб намуда, таҳти роҳбарии ӯ бевосита чандин нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд. Устод М. Иброҳимов соҳиби мактаби илмии махсус (таърихи робитаҳои илмӣ) буда, то ин дам нафарони зиёде аз ин мактаб соҳиби унвонҳои илмӣ гардидаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки зери роҳбарии ӯ Давлатов Аюбшоҳ, Масъуди Шодмон ва Муҳаммадиев Дилшод рисолаҳои илмии хешро дифоъ намуда, айни ҳол зери роҳбарии устод, Улуғова Марҳабо ва Назарова Саодат дар самти робитаҳои илмии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ рисолаҳои номзадии худро омода намуда, дар арафаи ҳимоя қарор доранд.   Имрӯзҳо шогирдони тарбиянамудаи устод Абдуфаттоҳ Шарипов, Сайфулло Сафаров, Розиқзода Абдулҳаким, Назар Носиров, Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, Гулмаҳмад Зокиров, Муҳаммадазим Бобохонов, Раҳмоналӣ Шарифов, Сайфулло Муллоҷонов, Раҳматҷон Муҳиддинов ва дигарон дар самтҳои гуногуни идоракунии давлатӣ ва илму маорифи кишвари азизамон фаъолияти пурсамар намуда истодаву берун аз кишвар низ шӯҳрат доранд. 

Имрўз устодони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ аввалин зодрӯзи устодро бе ҳузури ӯ таҷлил менамоянд. Ҷойгоҳи устод биҳишти анбарсиришт ва рӯҳашон шоду хонаи охираташон обод бод.   

 

ТОҶИДДИН ҒУЛОМОВ

мудири кафедраи 

таърихнигорӣ ва архившиносӣ, 

н.и.ф., дотсент

БЕҲРӮЗ НЕЪМОНОВ 

н.и.т., дотсенти кафедраи 

таърихнигорӣ ва архившиносӣ